Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Аҳамияти кортҳои пластикӣ дар даврони муосир

Аҳамияти кортҳои пластикӣ дар даврони муосир

3 декабри соли равон бо ташаббуси шуъбаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва кафедраи фаъолияти бонкӣ семинари илмию амалӣ дар мавзӯи «Аҳамияти кортҳои пластикӣ дар даврони муосир» доир гардид.

Онро бо сухани ифтитоҳӣ мудири кафедра Сандалов Ҳ. оғоз намуда, иброз дошт, ки пардохт намудани маблағҳои гуногун тавассути кортҳои пластикӣ дар тамоми бонкҳо ин талаби замон аст.

Сипас муаллими калони ҳамин кафедра Ғафуров Ғ. дар мавзӯи мавриди назар маъруза намуда, аз таърихи пайдоиши корти пластикӣ ҳарф зад. Мавсуф қайд кард, ки корт метавонад ҳамчун иҷозатнома барои ворид шудан ба бино, воситаи дастрасӣ ба компютер, воситаи пардохти ҳаққи гуфтугӯйи телефон, шаҳодатномаи ронандагӣ ва ғайра хизмат кунад. Дар соҳаи муомилоти пулӣ кортҳои пластикӣ яке аз воситаҳои пешқадами ташкил намудани ҳисобу китоби ғайринақдӣ мебошад. Рушди бозори кортҳои пардохтӣ дар ҷумҳурии мо низ яке аз омилҳои муҳимтарини ҳалли масъалаи кам кардани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳо бо пули нақд ва рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар соҳаи пардохтҳои чакана ба ҳисоб меравад, гуфт баромадкунанда.

Дар охир, миёни устодону донишҷӯён саволу ҷавоб сурат гирифт ва роҷеъ ба ин масъала онҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд, ки барои тавсеаи донишашон мусоидат мекунад.


Хисрав Муҳиддинов