Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дарс бо усули нав

Дарс бо усули нав

Санаи 2 декабри соли равон дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дар гурӯҳи англисии соли аввали ихтисоси иқтисоди ҷаҳон дар асоси барномаи таълимӣ аз фанни забони давлатӣ дар мавзӯи ҳуҷҷатнигорӣ бо роҳбарии дотсенти кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ Қурбонов Ҳаким дарс бо усули нав доир гардид.

Дар ҷараёни дарс асосан донишҷӯён фаъол буда, дар ҳузури сардори факултету устодон тарзи гузаронидани ҷаласа ва ҳуҷҷатнигории онро нишон доданд. Онҳо амалан маҷлис гузаронида, тартиб додани суратмаҷлис, санад, ариза ва дигар ҳуҷҷатҳои дигарро ба амал оварданд. Дар дарс донишҷӯён Султонзода Умар, Нозанини Сорбон ва Фарзона Хоҷаева фаъолнокии бештар нишон доданд.

Мақсад аз баргузории чунин дарсҳо омӯхтани тарзи ҳуҷҷатнигорӣ, дар амал татбиқ намудани донишҳои назариявӣ ва озодона баромад кардан дар маҷлисҳову конфронсҳо мебошад.


Хисрав Муҳиддинов