Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ғолибони озмун

Ғолибони озмун

Аз 25 октябр то 2 декабри соли ҷорӣ бо ташабусси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври шаҳрии озмуни мақолаи беҳтарин дар мавзӯи «Моҳият, сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии терроризму экстримизм дар байни ҷавонон» миёни толибилмони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, коллеҷу литсей ва мактабҳои миёна шуда гузашт.

Боиси ифтихор аст, ки дар даври шаҳрии озмун 2 нафар намояндаи донишкада: Бобозода Афзалшо, магистранти курси 2-и ихтисоси 1-25010403 ва Нуров Неъматулло, донишҷӯи курси 3-и ихтисоси 1-25010403 иштирок намуда, ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд.

Инчунин ин нафарон аз тарафи Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.


Х. Муҳиддинов