Хабарҳо

Дастовард ва муаммоҳои рушди молияи иқтисодиёти миллӣ
7 декабри соли 2015. Бо ташаббуси раёсат ва кафедраи молия ва муомилоти пулии факултаи молия ва қарзи донишкада бахшида ба рӯзи кормандони мақомоти молия таҳти унвони «Дастовардҳо ва муаммоҳои рушди бахши молияи иқтисодиёти миллӣ дар шароити муосир» мизи мудаввар баргузор гардид. Мизи мудаввар аз суханронии ректори донишкада н.и.и., дотсент Солеҳзода Ашурбой ифтитоҳ шуда, ҳозирин ва умуман тамоми кормандони соҳаи молияро ба муносибати иди касбиашон муборакбод гуфт. Боиси хурсандист, ки ҳамасола бо ташрифи меҳмонон аз мақомотҳои гуногун, бахусус намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон ба ин муносибат дар ин боргоҳи маърифат чорабинӣ баргузор мегардад, иброз дошт номбурда. Ҳамчунин мавсуф зикр кард, ки дар замони муосир, махсусан дар шароити иқтисоди бозорӣ бе молия ва умуман соҳаҳое, ки бо маблағгузорӣ алоқамандӣ доранд, рушди иқтисоди ягон кишварро тасаввур карда ҳам намешавад. Ҳатто буҳрони молиявии ҷаҳоние, ки сар задааст, таъсири худро ҳатман ба истеҳсолот, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва ғайра расонидааст. Аз ин лиҳоз, аз кормандони соҳаи молия ва дигар мақомотҳое, ки бевосита дар соҳаҳои мухталифи молия фаъолият мебаранд, рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҳар як кишвар вобастагии зиёд дорад.
Сипас, Муаззама Назриева, мутахассиси Сарраёсати буҷети давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Достижения, проблемы и перспективы развития финансовой системы Республики Таджикистан» маърӯза кард. Мӯҳтавои маърӯзаро комёбиҳо дар самти молия, ки Вазорати молияи ҶТ ба он ноил шудааст, фаро гирифта буд. Гуфта шуд, ки сатҳи камбизоатӣ то андозае коҳиш ёфта, тайи даҳсолаи охир некӯаҳолии мардум дар кишвар рӯ ба беҳбудӣ овард. Гузашта аз ин дар боби дурнамои рушди соҳаи молияи мамлакат низ андеша рафт.
Мушовири раиси Бонки миллии Тоҷикистон Маҳмадюсуф Ташрифов пас аз он ки ба самъи ҳозирин табрикоти раёсати Бонки миллии Тоҷикистонро бахшида ба рӯзи кормандони мақомоти молия расонид, иброз дошт, ки кишвари мо аз ҷиҳати сиёсати пулӣ дар миёни давлатҳои рӯ ба тараққӣ дар як сатҳи муайян қарор дорад. Бонки миллӣ вазифадор аст, дар бозори муомилоти пулӣ қурби асъорро дар як сатҳи муайян нигоҳ дошта, барои паст намудани сатҳи таварруми пули миллиамон, яъне сомонӣ чораҳои муассир меандешад. Тавре аз мушоҳидаҳо аён аст на танҳо дар кишвари мо, ҳамчунин дар кишварҳои Аврупо ва кишварҳои рӯ ба тараққӣ низ сатҳи баланди таваррум нисбати асъори миллиашон ба назар мерасад.
Мудири кафедраи молия ва муомилоти пулӣ н.и.и., дотсент Шаъбон Нуров дар мавзӯи «Вазъи кунунӣ ва масъалаҳои беҳтарнамоии сифати тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои соҳаҳои бахши молия» баромад кард. Номбурда, асосан, перомуни омодасозии мутахассисони ояндаи соҳаи молия, ки дар донишкада ба ин самт таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад, маърӯза намуд.
Мизи мудаввар бо андешаҳо ва пешниҳодҳои ҷолибу судманд ҷамъбаст гардид.
Хусрав Муҳиддинов