Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Оилаи солим - кафили ҷомеаи солим

Оилаи солим - кафили ҷомеаи солим

Бо ташаббуси шуъбаи тарбияи донишкада ба муносибати Соли оила 8 декабри соли ҷорӣ дар мавзӯи «Зиндагӣ бидуни зӯроварӣ» мизи мудаввар баргузор гардид.  Онро бо сухани муқаддимавӣ ноиби ректор оид ба таълими донишкада Шукрулло Хайров ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки дар фарҳанги миллати тоҷик оила ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гашта, хислатҳои беҳтарини инсонӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.  Дар чорабинӣ намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Сино, Маркази шаҳрии бемориҳои пӯст иштирок доштанд.
Меҳмони  донишкада, корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳбуба Азимова дар суханронии худ  изҳор дошт, ки яке аз проблемаҳои муҳимтарини ҷомеаи мо дар бахши оиладорӣ ин пошхӯрии он мебошад. Вале бо эълон шудани Соли оила хушбахтона омори пошхӯрии оилаҳо то андозае коҳиш ёфт. Номбурда аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки чун онҳо парчамбардорони ояндаи давлату миллатанд, дар интихоби ҳамсар ба иштибоҳ роҳ надода, оилаҳои солим ва намунавиро бунёд намоянд.
Сипас сармутахассиси шуъбаи тарбия  Мавҷуда Давлатова дар бораи «Психологияи зӯроварӣ дар оила» маъруза намуд. Мавсуф роҷеъ ба зӯроварӣ, хушунат ва дигар муносибатҳои ношоиста дар ҳаёти оилавӣ, ки аз ҷиҳати психологӣ ба хонавода ва умуман тарбияи фарзандон таъсири манфӣ мерасонад, изҳори андеша кард.  
Дар охир байни иштирокчиёну меҳмонон мубоҳисаи судманд  сурат гирифт.

Насруло Тӯйчизода