Хабарҳо

Баромади донишҷӯён бо забони англисӣ
9 декабри соли равон маҳфили навбатии «Бизнеси байналхалқӣ»-и назди кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ барпо гардид. Чӣ тавре, ки мудири кафедраи мазкур З. Давлатшоева зикр намуд, ба маҳфилҳои илмӣ донишҷӯёни фаъол ва қобилияти хубдошта мунтазам ҷалб карда мешаванд. Боиси шодмонист, ки соли ҷорӣ дар донишкада бори нахуст гурӯҳи англисӣ ифтитоҳ ёфт.
Дар маҳфил донишҷӯёни маҳз ҳамин гурӯҳ бо забони англисӣ баромад намуданд. Нозанини Сорбон дар мавзӯи «Ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Фарзона Мирганова «Робитаҳои иқтисодӣ омили муҳимми рушди иқтисод», Адиба Ҷунайдова «Зарурати ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Эркинҷон Зулфалиев «Рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ», Робия Маҳмадсолиева «Шаклҳои муосири соҳибкории байналхалқӣ дар иқтисодиёти ҷаҳон» маъруза намуданд. Ҳамсабақони онҳо бошад, пас аз баромад ба саволҳои худ дар робита ба мавзӯъ посухҳои қаноатбаш гирифтанд.
Ба гуфтаи роҳбари маҳфил - асистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ Сафармад Саид Сафарзода маҳз шавқу завқи донишҷӯён водор месозад, ки маҳфилҳои илмӣ ба таври мунтазам доир шаванд. Дар онда барои ҳавасмандии донишҷӯён инчунин гузаронидани озмунҳо ба назар гирифта шудааст.
Насрулло Тӯйчизода