Хабарҳо

Нақши ММБ дар таҳлил ва идораи иқтисодиёт
«Истифодабории мултипликатори Леонтев дар таҳлили макроиқтисодӣ» - чунин унвон дошт мизи мудавваре, ки бо ибтикори Раёсати илм ва кафедраи моделсозии математикӣ ва иттилоотии донишкада рӯзи 3 декабри соли равон доир гардид.
Дар он профессори кафедраи моделсозии математикӣ ва иттилоотӣ Фахриддин Мирзоахмедов дар мавзӯи «Истифодабории мултипликатори Леонтев дар таҳлили макроиқтисодӣ» ва муовини директори пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва демогарфияи АИҶТ д.и.и., профессор Аброр Мирсаидов дар мавзӯи «Нақши мултипликатори Леонтев дар идораи иқтисодиёт» маърӯзаҳои пурмазмун карданд.
Гуфта шуд, ки таҳлили самараноки иқтисодиёти миллӣ бе такя ба назарияи иқтисод ва бе маълумотҳои омории эътимоднок ва методҳои иқтисодию математикии (МИМ) коркарди онҳо имконнопазир аст. Бинобар ин, дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ яке аз МИМ-и маъмул, ки модели мувозинати байнисоҳавии (ММБ) Леонтев ба ҳисоб меравад, васеъ истифода бурда мешавад. Ин модел имконият медиҳад, ки алоқамандии байни тамоми соҳаҳои иқтисодиёт дар асоси системаи ҳисоби миллӣ (ҳамчун стандарти байналхалқии ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлил) истифода бурда шавад. Мултипликатори Леонтев бошад, дар асоси ММБ афзуншавии нишондиҳандаҳои вобастаи макроиқтисодиро тавассути нишондиҳандаҳои новобаста муайян менамояд.
Дар охир, байни ҳозирин ва баромадкунандагон мубодилаи афкор сурат гирифт.
М.Абдуллоева