Хабарҳо

Ҳунарнамоии бахши фарҳанг дар Боғи Ирам
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста рўзҳои истироҳатӣ дар Боғи Ирам чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ доир мегардад. Ин навбат дастаи ҳунарии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар назди истироҳаткунандагон ва сокинони пойтахт барномаи ҷолиби ҳунарӣ ва дастовардҳои худро намоиш доданд.
Зимни баромадаш ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода қайд кард, ки ин дафъаи дувум аст, ки намояндагони ДМИТ дар Боғи Ирам ҳунарнамоӣ менамоянд. Ин иқдом шоистаи дастгирӣ буда, барои таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ ва боло рафтани ҳисси зебоипарастии ҷавонон мусоидат хоҳад намуд.
Ҳунармандони бахши фарҳанги донишкада бо сарварии Ҷўрамуроди Муҳаммадназар барномаи ҷолибу дидании консертӣ пешниҳод карданд, ки аз суруду рақс, мушоира ва саҳначаҳои ҳаҷвӣ иборат буда, тамошобинонро ба ваҷд овард.
Машҳура Абдуллоева