Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Суҳбати ҷонфизо  дар «Фарҳангдӯст»

Суҳбати ҷонфизо дар «Фарҳангдӯст»

Чоршанбе. 09.12.15. соати16-00. Маҳфили навбатии донишкадавии «Фарҳангдӯст».

Ин маротиба ба маҳфил профессор Абдунабӣ Сатторзода ташриф овард. Суҳбати ин донишманд бо аҳли устодону донишҷӯён ва кормандони донишкада дар яке аз толорҳои зебо ва барҳавои таълимгоҳ ҷараён гирифт. Перомуни мавзӯи «Адабиёти бадеӣ унсури муҳими ташаккули фарҳанги маънавӣ» сухан рафт, ки мазмуну муҳтавои онро асосан маънавиёт фаро гирифта буд. Профессор А. Сатторзода аз дастовардҳои соҳаҳои мухталиф ёдовар шуда, аз ҳама беш комёбиҳои адабиёти бадеиро дар мадди аввал гузошт. Бо ёдоварӣ аз андешаҳои фарҳангии бузургони дорои дараҷаи ҷаҳонӣ адабиётро болотар аз адабиёт хонд.

Инсон бо маънавиёташ инсон аст, гуфта, аз костагии ахлоқи ҷавонон, камдонишӣ, дуршавӣ аз китоб, дар ин баробар, моддигароӣ, чизпарастиву пулпарастиро мазаммат намуда, шогирдонро барои рӯ овардан ба адабиёти бадеӣ, китобхонӣ ва дар ин замина ғанӣ гардонидани маънавиёт ҳидоят кард.    

Ҳамчунин дар боби сифатҳои одами зиёӣ ва расидан ба ҳадди инсони комил андеша ронда, се омил – сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро асоси рушди ҷомеа арзёбӣ кард.

Баъди ин суҳбати судманд ба чанде пурсишҳои устодону шогирдон посухҳои далелнок дода шуд.  

Дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Ғуломҷон Мирзоев, ки ташкилкунандаи ин маҳфили маърифатист, суҳбати самимию ҷонпарварро ҷамъбаст ва барои ташрифи меҳмон изҳори сипос намуд.


Саъдулло Носиров