Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Корҳои ободонӣ дар ДМИТ

Корҳои ободонӣ дар ДМИТ

4 декабри соли равон кормандони хоҷагӣ барои тозаву озода намудани саҳни донишкада шанбегӣ гузарониданд. Барои ободу зебо гардонидани роҳраву гулгаштҳо баргҳои хазонгаштаро рӯбучин ва бехи дарахтонро нарм карданд.

Тавре муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва маъмурию хоҷагӣ Саймаҳмуд Қаландаров гуфт, чунин корҳои сабзу хуррамгардонӣ дар таълимгоҳ ба таври доимӣ гузаронида мешавад ва он барои болобурди маърифати экологии донишҷӯён ва ободонии донишкада мусоидат менамояд.