Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Айдин Биболов ба донишҷӯён лексия хонд

Айдин Биболов ба донишҷӯён лексия хонд

Рӯзи 1 декабри соли равон бо ташаббуси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва факултаи муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ намояндаи Хазинаи байналмилалии асъор дар Тоҷикистон Айдин Биболов дар мавзӯи “Муносибати байни нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ” дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои устодон ва донишҷӯён лексия хонд.

Ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода ташрифи Айдин Биболовро ба донишкада хайра мақдам гуфта, афзуд, ки мавсуф ҳар сол 1 ё 2 маротиба омада, ба донишҷӯёни мо дар мавзӯъҳои гуногун лексия мехонад, ки барои тақвияти дониши иқтисодиашон кумаки амалӣ мерасонад.

Мақсад аз омадани Айдин Биболов ин бевосита ба устодон ва донишҷӯён муаррифӣ намудани Хазинаи байналмилалии асъор дар Тоҷикистон ва инчунин доир ба нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ лексия хондан буд.

Ҳамчунин дар вохӯрӣ А. Биболовро дигар кормандони ташкилоти мазкур ҳамроҳӣ карда, бо презентатсияҳои худ баромад намуданд, ки он аз тарафи ҳозирин хуш пазируфта шуд.

Дар охир байни нотиқон ва устодону донишҷӯён мубодилаи афкор сурат гирифт. Меҳмонон ҳозиринро бовар кунонданд, ки ин гуна вохӯриҳои судманд дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз ин ҳам бештар хоҳад гузашт.


Саломиёни Шаҳром

мутахассиси  шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ