Хабарҳо

Таҳлили иқтисодиёт бо забони англисӣ
Рӯзи 9 декабри соли равон маҳфили илмии кафедраи забонҳои хориҷӣ дар мавзӯи «Вазъи иқтисодиёти муосири Тоҷикистон» бо забони англисӣ доир гардид. Дар он устодону толибилмон ва намояндагони раёсати таълим, шуъбаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва робитаҳои байналмилалӣ иштирок доштанд.
Онро роҳбари маҳфил Шараф Раззоқбердиев кушода, оид ба мавзӯи баррасишаванда мухтасар маълумот дод.
Баъдан донишҷӯи курси 3, факултети муносибатҳои ӣқтисодии байналмилалӣ Мазбутов А. аз рӯи мавзӯи мавриди назар бо презентатсия бо забони англисӣ баромад кард.
Мавсуф дар баромадаш оид ба содирот, воридот, буҷаи давлатӣ, қувваи кории меҳнат, муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷ муфассал истода гузашт.
Дар ҷараёни баромад донишҷӯён ва устодони ҳозирбуда доир ба ин мавзӯъ мубодилаи афкор намуданд.
М. Абдуллоева