Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Пирӯзии гӯштингирони мо

Пирӯзии гӯштингирони мо

Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 5-6 декабри соли равон дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ дар байни собиқадорон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Боиси ифтихор аст, ки дар ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ 2 нафар устодони кафедраи варзиш ва мудофиаи граждании Донишкадаи молия ва иқтисоди Точикистон низ иштироки фаъолона намуда, дар вазнҳои гуногун ғолиб омаданд. Аз ҷумла Ибодулло Айниддинов дар вазни 90 кг соҳиби ҷойи аввал ва Боймаҳмад Талбаков дар вазни 80 кг соҳиби ҷойи дуюм шуданд. Ғолибон аз ҷониби раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Абдуллозода бо диплом ва медалҳои ифтихорӣ мукофотонида шуданд. 


М. Абдуллоева