Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Барномасозони ҷавон лоиҳаҳо пешкаш карданд

Барномасозони ҷавон лоиҳаҳо пешкаш карданд

Санаи 10 декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси кафедраи информатика маҳфили илмии донишҷӯён дар мавзӯи «Мафҳуми алгоритм дар забонҳои барномасозӣ» баргузор шуд.

Маҳфилро мудири кафедра Темурбекова С. ҳусни оғоз бахшида, роҷеъ ба мафҳуми алгоритм дар забони барномасозӣ ва усулҳои математикӣ сухан ронда, қайд кард, ки бо истифода аз барномаҳои компютерӣ душвории ҳалли онҳо то ҳадди зиёдтарин аз байн бурда мешавад. Истифодабарии барномаҳои амалӣ дар ин замина барои ҳалли масъалаҳои математикӣ басо ҷолиби диққат аст.

Сипас Илҳом Ҳалимов, ассистенти кафедра барномаи компютерии таҳиянамудаашро пешкаши ҳозирин намуд. Истифодаи ин барномаи компютерӣ раванди бақайдгирии шумораи компютерҳо ва ба кӣ вобаста будани онҳоро шаффоф мегардонад. Барномаи мазкур дар махзани худ имконияти нигоҳдории шумораи компютерҳо ва ба кадом корманди донишкада мансуб буданашро ба қайд гирифта, ҳамчунин онро дар махзани (базаи) электронӣ нигоҳ медорад. Дар сурати дар амал татбиқ гардидани барномаи мазкур кори масъулин дар бақайдгирии компютерҳои донишкада самаранок мегардад, гуфт номбурда.

Дар баромадаш донишҷӯи курси дуюми ихтисоси информатикаи иқтисодӣ Хайём Худойбердиев якчанд барномаҳои компютерии коркарднамудаашро тавзеҳ дода, бемамоният дар амал татбиқ гардиданашонро имконпазир ҳисобид.

Бояд гуфт, ки татбиқи лоиҳаҳои пешниҳодшуда дар донишкада аз манфиат холӣ нахоҳад буд.


Хисрав Муҳиддинов