Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Омилҳои нави пешравӣ дар рушди иқтисоди миллӣ аз нигоҳи олимони мо

Омилҳои нави пешравӣ дар рушди иқтисоди миллӣ аз нигоҳи олимони мо

Дар маҳфили навбатии илмӣ-амалии «Коршиноси иқтисодӣ», ки санаи 12 декабри соли 2015 дар донишкада баргузор гардид, масъалаҳои назария ва амалияи иқтисоди нави миллӣ дар заминаи истифодаи таҷрибаи байналхалқӣ, роҳҳои бартараф кардани мушкилиҳои тараққиёти хоҷагидории ватанӣ дар замони муосир мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ректори донишкада Солеҳзода А.А. кори маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиёнро бо муҳтавои мавзўъ шинос ва рўзмарра будани онро қайд кард. Таваҷҷуҳи ҳозиринро дар заминаи боз ҳам тақвият додани кори маҳфил барои истифода бурдан аз таҷрибаи мамлакатҳои пешқадам, бо назардошти хусусиятҳои хоси ватанӣ дар роҳи рушд васеъ истифода бурдани захираҳои дохилӣ ҷалб намуд.

Бо ҳамин мақсад дар маҳфил маърузаҳои мудирони кафедраҳои андоз ва андозбандӣ, н.и.и., дотсент Ҷумабоев Х.Қ ва менеҷменти молиявӣ, н.и.и., дотсент Ҷўраев Х.Ғ таҳти унвони «Замина ва омилҳои иҷтимоию иқтисодии тараққиёти иқтисодиёти Хитой», ки аз натиҷаи сафари хидматиашон ба Ҷумҳурии халқии Хитой буд, шунида шуд. Чунонки Х. Ҷумабоев дар баромади хеш иброз дошт, асоси ташаккул ёфтани иқтисодиёти Ҷумҳурии мардумии Чин ин мутобиқшавӣ ба моделҳои нави иқтисоди ҷаҳонӣ ва вобастакунии имкониятҳои таъмингардонии идоракунии марҳилавии хоҷагӣ ва хизматрасонӣ бо механизм ва фишангҳои миллиашон мебошад. Ҳамзамон чунин амал бештар дар заминаи танзими давлатӣ, истифода аз фишангҳои ҳамоҳангии «нақша» ва «бозор» ба роҳ монда мешавад. Дар заминаи мақсадҳои «муҷассамгардида» бо ғурури миллӣ ин мамлакат тавонист, ки дар заминаи моликияти умумидавлатӣ ва ҷалби сармоягузорони бурунмарзии этникӣ (диаспорӣ) иқтисодиёти худро аз аксари мамлакатҳои рушдёфта баланд бардорад.

Korshinos4001.jpgХуррам Ҷўраев бошад, бо назардошти вазъи нисбатан номуътадили муносибатҳои иқтисодии замони муосир қайд намуд, ки ингуна вазъият низ ҷиҳатҳои мусбиро дорост. Дар иқтисодиёти Ҷумҳурии мардумии Чин ҳолате ба назар мерасад, ки барои такон додани рушди иқтисодӣ ҳамчун заминаи ғояи миллӣ аз расму усул ва анъанаҳои миллӣ истифода бурда мешавад.

Ҳамин тавр, таъсисёбии рушди иқтисоди миллиро баромадкунандагон вобаста ба зарурати ташаббускорӣ ва навовариҳои дигаргунсозиҳо марҳила ба марҳила қайд намуданд. Мавзўи баҳс ба самте нигаронида шуда буд, ки ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи иқтисоди миллӣ бо дараҷаи сифатан нави пеш гирифтани дараҷаи бозсозиҳо, омўзиши онҳо дар сатҳи байналхалқӣ алоқаманд баррасӣ гардид.

Мазмун ва мундариҷаи нуктаи назари истифодаи таҷрибаи «бемисл, беҳамто»-и Ҷумҳурии халқии Хитой давра ба давра бо роҳи пеш гирифтани роҳҳои пурсамари алоқамандии таҷрибаи муқоисавӣ ёдрас шуда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба шаклҳои прогрессивии таҳлил ва омўзиши омилҳои таъсисдиҳандаи иқтисоди кишвар ҷалб намуданд.

Дар музокира ректори донишкада дотсент Солеҳзода А. бо мақсади минбаъд пеш гирифтани роҳҳои нави комплексӣ, ба эътибор гирифтани мушкилиҳои нобасомониҳои умумиҷаҳонӣ ва рафъи онҳо дар мавқеъгирии иқтисоди миллӣ бо тарзу усулҳои хоси миллиамон андешаҳои худро баён кард.

Дар доираи масъалаи баррасишуда ширкаткунандагон ба маърузачиҳо савол дода, ҷавобҳои пурмазмун гирифтанд. Маҳфил тасмим гирифтааст, ки аз натиҷаи масъалаи ҳаллу фасл гардида, ба вазоратҳои дахлдор тавсия ва таклифҳои мушаххасро пешниҳод намояд.

Ҳамин тавр, маҳфили навбатии илмӣ-амалии «Коршиноси иқтисодӣ» пурмазмун ва аз нигоҳи истифодаи таҷрибаи пешқадам дар рушди иқтисоди кишвар ҷолиб ва шавқовар гузашт.


Саъдихоҷа  Маъдиев

н.и.и.,  дотсент,  котиби маҳфили «Коршиноси иқтисодӣ»