Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Эмомалӣ Раҳмон Пешвои воқеии миллат аст

Эмомалӣ Раҳмон Пешвои воқеии миллат аст

Рӯзи 15 декабри соли равон дар донишкада бо иштироки васеи ҳайати устодон, кормандон ва донишҷӯёну магистрантон ҳамоиши ботантана бахшида ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» доир гардид.

Онро ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода кушода, зарурати қабули ин қонунро роҳи ба расмият даровардани эътимоди ҳамешагии мардум ба Пешвои барҳақ ва гузоштани заминаи эътимоднок баҳри инкишофи устувори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамақидагӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ кард.

Пешниҳод ва амалигардонии ҳадафҳои стратегӣ дар кишвар, ояндабинии боъэтимод баҳри дурнамои инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ, пешбурди муносибатҳои дипломатии эътимоднок бо кишварҳои шарик, ташаббускорӣ дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, устувор гардонидани давлатдории дунявӣ дар асоси принсипҳои демократӣ ва дигар хислатҳои муҳими сиёсатмадори тоҷик - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи ҷаҳонӣ устувор гардидани мавқеи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва эътирофи миллати тоҷик ҳамчун миллати тамаддунофар саҳми босазо мегузорад. Ин аст, ки сиёсатмадорони ҷаҳон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сиёсатмадори ташаббускор эътироф менамоянд. Қабули қонуни мазкур дарки масъулияти моро даҳчанд баланд мекунад, зеро мо бояд дар атрофи Пешвои миллии хеш сарҷамъ шуда, пайрави ақидаҳои ӯ бошем.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои пуртазоди сиёсӣ ҳар миллате манфиатҳои худро ҳимоя карда метавонад, ки Пешвои худро дошта бошад, ҳамдилу ҳамақида  бошад ва баҳри амалигардонии идеяи ягонаи миллӣ қадам ниҳад. Бо идеяи миллӣ ва Пешвои миллӣ ба пеш рафтан ин аст роҳи ягонаест, ки моро ба пеш равона месозад, гуфт дар охир ректор.

PewshvoM4001.jpgСипас Баҳром Сафаров, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, Асадулло Муллоҷонов, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва донишҷӯёну магистрантон Фирӯзи Талбак, Афзалшоҳи Бобозода, Шукурова Ҳилола, Амонова Дилнора, Раҳимзода Фирӯзи Мадкарим баромад карда, аз қабули Қонуни «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” ҷонибдорӣ карда, хизматҳои шоёни Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди сулҳи тоҷикон, таҳкими ваҳдати миллӣ, муаррифии тоҷикон ва Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, фарҳангофаринӣ, эҳёи миллӣ ва бузургдошти ниёгони хеш бо таҷлили солгарди эшон, ташаббускорӣ дар масоили гуногуни сатҳи глобалӣ, сулҳоваринӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва дигарҳоро як ба як ёдрас шуданд.

Гуфта шуд, ки имрӯз, ки мо дар айёми ҷаҳонишавӣ ва бархӯрдҳои фикриву сиёсии ҷаҳони муосир қарор дорем, миллати мо воқеан ба эътирофи расмии чунин пешвое, ки аллакай дар қалбҳои мардум ин мақомро соҳиб шудааст, ниёз дорад

Иштирокчиёни ҳамоиши тантанавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон додани унвони Пешвои миллатро пурра ҷонибдорӣ карда, арз доштанд, ки қабули қонуни мазкур моро ба роҳи устувор мебарад.


Машҳура Абдуллоева