Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баррасии муаммоҳои менеҷменти муосири Тоҷикистон

Баррасии муаммоҳои менеҷменти муосири Тоҷикистон

Бо ташаббуси кафедраи менеҷменти Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи миллии менеҷерон ва маркетингшиносон рӯзи 18 декабри соли 2015 Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Муаммоҳои менеҷменти муосири Тоҷикистон» доир гардид. Дар он олимони иқтисодшинос, намояндагони Вазорати молияи ҶТ, Академияи илмҳои ҶТ ва дигар кумитаву идораҳо, устодони муассисаҳои олии кишвар, аз ҷумла Лутфулло Саидмуродов, д.и.и., профессор, директори Институти иқтисод ва демографияи АИ ҶТ, Рустам Қудратов, професор, вакили Маҷлиси намояндагони МО ҶТ, Сайфулло Сафаров, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ, Тоҷиддин Ҷӯразода, н.и.и., муовини аввали сардори Кумита доир ба рушди маҳалли ҶТ, Баҳром Шарипов, н.и.и., сардори Маркази таълимии ҶСК «Агроинвестбонк», Мирзо Абдуллоев, муовини сардори Маркази такмили ихтисоси мақомоти гумрук иштирок ва баромад намуданд.

Ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода зимни сухани ифтитоҳӣ қайд намуд, ки баргузорӣ ва интихоби мавзӯи ҳамоиши имрӯза вобаста ба омода кардани менеҷерони моҳир дар замони муосир муҳим мебошад. Яке аз вазифаҳои калидӣ дар омода кардани кадрҳои баландихтисос дар ин ҷода ин бо китоби дарсӣ таъмин намудани омӯзгорон аст. Аз ин рӯ, ҳайати омӯзгорони кафедраи менеҷменти донишкада ду китоби дарсии «Менеҷмент» ва «Менеҷменти стратегӣ»-ро бо забони давлатӣ таҳия ва нашр намудаанд, ки бешак, барои болобурди сифати таълим мусоидат менамояд, гуфт мавсуф.

Konfron4001.jpgБаъдан Лутфулло Саидмуродов дар мавзӯи «Стратегияи миллии рушд: афзалият ва маҳрукҳо», Рустам Қудратов дар мавзӯи «Идоракунии бехатарии озуқаворӣ дар ҶТ», Тоҷиддин Ҷӯразода дар мавзӯи «Такмилдиҳии идоракунии давлатӣ дар ҶТ», Баҳром Шарипов дар мавзӯи «Рушди стратегии бахши молиявии Тоҷикистон» ва Шавкат Бозоров, д.и.и., профессори кафедраи менеҷменти ДМИТ дар мавзӯи «Муаммоҳо ва имкониятҳои менеҷмент дар Тоҷикистон», маърӯзаҳои пурмазмун карданд.

Аз ҷумла профессор Саидмуродов Л. дар баромадаш ҳадафҳои асосии рушди дарозмуддати Тоҷикистонро дар боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат дар асоси таъмини рушди босуботи иқтисодӣ маънидод кард.

-Барои ба он ноил гардидан дар 15 соли наздик ҳадафҳои стратегии зерин, аз қабили таъмини амнияти энергетикӣ, рушди имкониятҳои коммуникатсионии мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ ва тавсеаи шуғли босамар муайян карда шудааст. Ҳамчунин самтҳои афзалиятноки Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030 инҳоро дар бар мегирад, аз қабили таҳкимбахшии иқтидори институтсионалии мамлакат, баланд бардоштани самаранокии истифодаи сарватҳои миллӣ, диверсификатсия ва рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ, таҳким ва тавсеаи синфи миёна ва рушди минтақаҳои кишварро дар назар дорад, гуфт Саидмуродов Л.

Konfron0400.jpgШавкат Бозоров бошад, дар баромадаш асосан муаммоҳои объективӣ, субъективӣ ва системавии менеҷментро дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод. Ӯ, минҷумла, иброз дошт, ки дар шароити муосир проблемаи асосии менеҷмент ин масъалаи сифат аст, ки ба сифати кадрҳои омоданамудаи соҳа алоқамандӣ дорад. Барои беҳтар шудани сифати менеҷерони оянда дар макотиби олӣ бояд таълим бо тадқиқот ва амалия ҳамгиро бошад. Ӯ барои менеҷерони муосир талаботҳои зерин, аз қабили доштани донишҳои назариявӣ ва малакаи амалӣ дар самти идоракунӣ, қобилияти дар команда бо одамон кор карда тавонистан, салоҳиятнокӣ дар самти махсусгардонии корхонаро тавсия дод.

Дар баромадҳо гуфта шуд, ки менеҷменти Тоҷикистон марҳилаи мушкили инқилоби рушдро аз сар мегузаронад ва маҷбур аст, ки бо роҳи азхуднамоии усулҳои муосир равона гардад. Менеҷерони ватанӣ кӯшиш доранд, ки нуқтаи назари анъанавии идоракуниро аз худ намуда, ба устуворӣ ва самаранокии истеҳсолот самтгирӣ намоянд.

Дар конфронс ҳамчунин масъалаҳои муаммо ва имкониятҳои менеҷмент дар кишвар, рушди стратегияи миллӣ, принсип ва усулҳои идоракунии кормандон дар шароити муосир, моҳияти менеҷменти молиявӣ ва аҳамияти он ва ғ. мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Кори конфронс дар бахшҳои «Имконияти рушди менеҷмент дар Тоҷикистон», «Муаммоҳои идоракунии КАС-и Тоҷикистон ва роҳҳои ҳалли он», «Такмилдиҳии менеҷменти молиявӣ» идома ёфт. Дар онҳо ҳайати профессору устодони макотиби олии кишвар, аз ҷумла ДМИТ, ДМТ, ДДТТ, Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Институти иқтисод ва демографияи АИ ҶТ ва дигар ташкилоту муассисаҳо бо маърӯзаҳои илмии фарогири масъалаҳои рушди иқтисодиёти кишвар ва муаммоҳои менеҷмент дар Тоҷикистон баромад карданд.

Мақсади конфронс дар асоси фикрронии эҷодии таҷрибаи ҷаҳонӣ ва боназардошти хусусиятҳои миллӣ ва таҷрибаи амалкунандаи ватанӣ ташаккул додани системаи самараноки менеҷменти Тоҷикистон мебошад.

Кумитаи тадорукот тасмим гирифтааст, ки натиҷаи кори конфронси байналмилалиро ба воситаи таклифу пешниҳодҳои мушаххас ба ташкилоту мақомотҳои дахлдор ирсол намояд.


Машҳура Абдуллоева