Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Боз як медали донишҷӯи ДМИТ аз мусобиқаи варзишӣ

Боз як медали донишҷӯи ДМИТ аз мусобиқаи варзишӣ

Боиси хушнудист, ки солҳои охир донишҷӯёни донишкада дар мусобиқоти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ аз риштаҳои гуногуни варзиш иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Чунончӣ донишҷӯи соли дуюми факултети ҳисобдорӣ ва омор, ихтисоси иқтисоди таҳлилӣ Абдуллоев Иброҳим дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштин дар вазни 55 кг, ки санаи 6-уми декабри соли равон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон барои дарёфти Ҷоми «ХАН МАНАС» баргузор гардид, ҷойи 3-юмро ишғол намуда, соҳиби медали биринҷӣ ва диплом гардид.

Садорати факултет ва идораи рӯзномаи «Молия ва иқтисод» Абдуллоев Иброҳимро барои ғолибияташ дар мусобиқаи байналмилалӣ ва ба хазинаи варзишии факултет ва донишкада ворид намудани боз як медали биринҷӣ табрик намуда, ба эшон дар ин самт комёбиҳои нав ба навро орзу доранд.


Ҷовид Боймуродов