Хабарҳо

Хатмкунандагони барномаи МВА диплом гирифтанд
Рӯзи 18 декабри соли равон дар бинои меҳмонхонаи «Шеротон» маросими дипломсупории хатмкунандагони барномаи МВА (мастер административного управления) доир гардид. Дар он ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода ва директори IMCON Consulting Замира Самадова иштирок намуда, хатмкунандагонро бо хатми барномаи мутахассиси МВА табрик гуфтанд ва Солеҳзода А. ба онҳо дипломи хатмро дар вазъи тантанавӣ супорид. Мавсуф, аз ҷумла, қайд кард, ки дар байни ДМИТ ва IMCON Consulting шартномаи ҳамкорӣ баста шуд ва муҳимияти лоиҳаи мазкур аз он иборат аст, ки он барои рушди идоракунии маъмурӣ саҳми арзанда гузошта, он дар заминаи ДМИТ амалӣ хоҳад шуд.