Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Натиҷагирӣ аз фаъолияти илмӣ ва вазифаҳо барои соли 2016

Натиҷагирӣ аз фаъолияти илмӣ ва вазифаҳо барои соли 2016

Рӯзи 22 декабри соли равон дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои олимони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳисоботи муовини ректор оид ба илм Ғиёсиддин Ашуров оид ба «Натиҷаи корҳои илмию тадқиқотии ҳайати кормандони илмӣ, докторону аспирантон ва донишҷӯёни ДМИТ дар соли 2015» шунида шуд.

Дар ҳисобот аз ҷумла гуфта шуд, ки нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотии ДМИТ барои солҳои 2013-2018 дар самти «Хусусиятҳо, қонуниятҳо, шаклҳо ва усулҳои танзими давлатии иқтисоди Тоҷикистон дар шароити ҳамгироӣ ва минтақашавӣ» муайян шудааст. Муаммои асосии тадқиқотии донишкада бошад, «Таъсисёбӣ ва амалигардонии сиёсати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи он дар шароити ҷаҳонишавии иқтисод» аст, ки кулли кормандони илмӣ-педагогии кафедраҳои донишкада дар такя ба ҳамин муаммо, вобаста ба мавзӯю муаммоҳои мушаххаси равияҳои тахассусии кафедравӣ пайи иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотианд.

Имрӯзҳо дар донишкада 443 нафар кормандони илмӣ-педагогӣ фаъолият доранд, ки аз ин 282 нафарашон кормандони штатӣ, 68 нафарашон кормандони дохилӣ мебошанд. Аз рӯи нақшаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ барои соли 2015 ҳамаи онҳо дар иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ширкат мекунанд.

Ғиёсиддин Ашуров дар баромади хеш тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти илмиро ёдрас шуда, дар бораи бо сабаби ҷамъ нагардидани шумораи кофии мақолаҳои илмӣ ба таъхир афтидани нашри шумораи навбатии маҷаллаи «Паёми ДМИТ» махсус қайд кард. Бинобар сабаби ҷой гирифтан дар қатори маҷаллаҳои илмии аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии ФР ва эътироф шудани он муҳаррирони «Паёми ДМИТ» кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки талаботи КОА-ро риоя намуда, ҳарчи зудтар онро аз қайд гузаронанд, гуфт мавсуф.

Hisobot400.jpgҲамчунин баромадкунанда дар бораи фаъолияти рӯзномаи “Молия ва иқтисод”, ки инъикоскунандаи ҳаёти донишкада аст, маълумот дода, гуфт, ки нашрия муаррифгари таълимгоҳ буда, рӯз ба рӯз ҷолибу хонданбоб мегардад. Ҳамзамон ҳамаи хабарҳо аз ҷараёни чорабиниҳо дар сомонаи донишкада оҷилан ҷо карда шуда, барои муаррифии дастовардҳои он нақши бориз дорад.

-Фаъолият дар самти илм, пешниҳод ва ҳимояи рисолаҳои номзадиву докторӣ ҳанӯз моро қонеъ намекунад, - гуфт дар баромадаш Ашуров Ғ. Тавре ишора шуд, дар соли ҳисоботӣ 7 нафар аспирантону унвонҷӯён рисолаҳои номзадии худро дар назди кафедраҳои тахассусӣ аз муҳокимаи пешдифоъ гузаронида, барои ба Шӯрои диссертатсионӣ пешниҳод намудан омодагӣ мебинанд ва 4 нафар ассистентону муаллимони калон бомуваффақият рисолаи номзадии хешро дифоъ карданд.

Зикр гардид, ки таҳлили ҳамаҷонибаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ нишон медиҳад, ки сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар гузаронидани конференсияҳо, назорати фаъолияти аспирантону докторантон, пешниҳоди мақолаю фишурдаҳо, ба талаботи замон мувофиқ гардонидани мавзӯъҳои таҳқиқотӣ то андозае беҳтар гардидааст. Пешниҳод карда шуд, ки дар солҳои минбаъда таъсиси Шӯроҳои нави диссертатсионӣ аз рӯи ихтисосҳои мухталиф, ба ҳам наздик кардани дастовардҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар истеҳсолот, пурзӯр намудани фаъолияти Парки технологӣ-инноватсионии донишкада ва навиштани бурсияҳои байналмилалӣ зарур аст.

Дар муҳокимаи ҳисобот ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода, Баҳром Сафаров, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, Ваҳҳоб Воҳидов, профессори кафедраи иқтисод ва идора, Нурулло Усмонов, профессори кафедраи математикаи олӣ, Манзура Кошонова, декани факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, Бадриддин Музаффаров, мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ, Шаъбон Нуров, мудири кафедраи молия ва муомилоти пулӣ, Саидамир Сафаров, устоди кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ иштирок карда, дар бораи дастовард ва камбудиҳои самти корҳои илмӣ-тадқиқотии ҳайати кормандони илмӣ ва устодони донишкада андешаронӣ намуданд.

Аз ҷумла, Баҳром Сафаров дар баромадаш таклиф кард, ки ба омӯзгорони ҷавон семинарҳои омӯзишӣ доир ба методологияи илм ва тарзи навиштани мақолаҳои илмӣ мунтазам ташкил ва гузаронида шавад. Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки мақолаву дигар маводи илмии ба конфронсҳо ва маҷаллаи илмии “Паёми ДМИТ” пешниҳодшаванда бо истифода аз барномаи Антиплагиат ба нашр иҷозат дода шаванд.

Hisobot04001.jpgДар ҷамъбаст раиси Шӯро А. Солеҳзода як қадар ҷиҳатҳои мусбӣ ва камбудиҳои ҷойдоштаро дар самти корҳои илмиву таҳқиқотӣ ёдрас шуд. Аз ҷумла, бобати ба корҳои илмӣ беэътиноӣ зоҳир намудани қисме аз муаллимони калони аз аттестатсия шартан гузаронидашуда таъкид карда шуд, ки фаъолияти илмии минбаъдаи онҳо зери назорати қатъӣ қарор дода шавад. Дар хусуси ҳавасманд гардонидани устодони фаъол тибқи бандҳои Низомномаи тасдиқшуда дар бораи маоши тафриқавӣ сухан гуфта, аз сӯи масъулини сохторҳо риоя ва пешниҳод нашудани фаъолонро изҳор кард.

 Илова ба ин, дар мавриди кушода шудани Шӯрои ҳимояи рисолаи PhD дар ДМИТ, ҷиҳати аъзошавии ҳар нафар муҳаққиқ ба индекси иқтибосии илмии Россия (РИНЦ), минбаъд гузаронидани конфронсҳо бо риояи тартиб ва нақшаи муайян, ташкил ва роҳандозӣ намудани барномаи умумии баҳисобгирии хонандагон дар назди китобхона, барои ба феҳристи иҷозатномаи Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия дохил намудани маҷаллаи “Паёми ДМИТ”, барои афзун намудани теъдоди кадрҳои илмӣ-педагогӣ чораҳои зарурӣ андешидан дастурҳо дод.

Дар охир, фаъолияти илмӣ-тадқиқотии ҳайати кормандони илмӣ, докторону аспирантон ва донишҷӯёни ДМИТ дар соли 2015 қаноатбахш ҳисобида шуда, ба масъулини сохторҳо ҷиҳати беҳтар кардани кор дар ин самт дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.


Машҳура Абдуллоева