Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Муаллимон имтиҳон супориданд

Муаллимон имтиҳон супориданд

Тавре иттилоъ дода будем, бо ташаббуси роҳбарият ва раёсати таълими донишкада барои ассистентон ва муаллимони ҷавони кафедраҳо бо мақсади такмили ихтисос ҷиҳати сайқал додани дониш, малака ва маҳорати педагогӣ аз 14 ноябри соли 2015 курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии педагогӣ гузаронида шуд. Дар он 26 нафар, аз ҷумла ассистентони бе собиқаи кории педагогӣ ва камтаҷриба муддати беш аз як моҳ фаъолона иштирок карданд.

Рӯзи 19 декабр шунавандагони курсҳои омӯзишӣ имтиҳон супориданд. Натиҷаи имтиҳон аз он дарак дод, ки устодони ҷавон тавонистанд то дараҷае аз нозукиҳои касби педагогӣ, маҳз аз методҳои нави фаъоли таълиму тарбия, инноватсияи таълим, хусусиятҳои хоси синнусолӣ, инфиродӣ ва тафаккури шахс дар раванди таҳсил бархӯрдор шаванд.

Устодон дар ҳузури н.и.п., дотсент Носиров С.Ш., сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълими ДМИТ Холбобоев Р. ва  мутахассиси ҳамин шуъба Темуров Ф. имтиҳон супориданд. Қабули имтиҳон воқеӣ ва шаффоф сурат гирифта, дар он 23 нафар  комёб гардиданд ва онҳо соҳиби Сертификат хоҳанд шуд.

Бояд гуфт, ки баргузории курсҳои такмили ихтисос ва иштироки  фаъолонаи устодони донишкада дар онҳо метавонад ба боло бурдани савияи дониш ва тарбияи ҳамаҷонибаи  мутахассисони оянда таъсири мусбат расонад.

Хисрав Муҳиддинов