Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Оморшиноси беҳтарин муайян шуд

Оморшиноси беҳтарин муайян шуд

Омор соҳаи фаъолияти амалӣ оид ба гирдоварӣ, ҷамъбастнамоӣ, коркард, таҳлил ва интишори иттилоот доир ба аҳолӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва алоқа, тиҷорат, маориф, тандурустӣ, фарҳанг буда, барои ин кор мутахассисони кордон лозиманд. Бинобар ин, рӯзи 22 декабри соли равон бо ибтикори кафедраи омор дар байни донишҷӯёни факултети ҳисобдорӣ ва омор озмуни «Оморшиноси беҳтарин» гузаронида шуд.
Тавре мудири кафедраи омор н.и.и., дотсент Мастура Буриева дар кушодавии ин чорабинӣ иброз дошт, ҳадафи баргузории озмуни мазкур интихоби гурӯҳҳои фаъол ва донандагони беҳтарини фанни омор ва ба омӯзиши он бештар ҷалб намудани донишҷӯён аст.
Мавсуф қайд кард, ки озмуни мазкур дар доираи маҳфили илмии донишҷӯёни кафедра бо номи «Оморшинос» гузаронида мешавад. Маҳфили илмии донишҷӯён ин қадамҳои аввалини дар илм аст. Чунки маҳфил ба аъзоёни худ имкон медиҳад, ки маҳорати илмии худро сайқал дода, бо таҳия ва интихоби дурусти мавзӯъҳои тадқиқотӣ, усулҳои гузаронидани тадқиқот, коркарди натиҷаҳои тадқиқот бо истифода аз технологияҳои муосир ва усулҳои гуногуни таҳлили оморӣ шинос шаванд.
Озмун бо иҷрои ду шарт гузашт. Шарти якуми озмун ҳар як гурӯҳ аз 30 саволи тартибдодашуда 5 савол интихоб намуда, ба онҳо ба таври шифоҳӣ ҷавоб доданд. Шарти дувум, ҳар як гурӯҳ масъалаҳоро ба таври хаттӣ ҳал намуданд.
Бояд қайд кард, ки бо мақсади шаффоф гузаштани озмун барои интихоби саволҳо барномаи компютерии махсус дар барномаи EXCEL истифода карда шуд. Иштирокчиёни маҳфил бо пахши рақамҳои дар барномаи компютерӣ воридшуда саволҳои озмунро интихоб намуданд.
Дар озмун донишҷӯёни 5 гурӯҳ бо ҳам сабқат намуданд.
Ҷавоби иштирокчиёнро доварон дар ҳайати Мирзоева Е, Шодиев К., Холов Р., Азизов Б. баҳогузорӣ ва ҷамъбаст намуданд ва натиҷа чунин шуд: гурӯҳи «Оморчиёни муосир» бо сардории Мирзонаботов Тоҷиддин (курси сеюми ихтисоси омор, гурӯҳи «А») ба саволҳо ҷавоби пурра гардонида, сазовори ҷойи аввал дониста шуд. Ҷои дувум насиби гурӯҳи «Муҳосибон» бо сардории Носиров Бузург (курси дуюми ихтисоси баҳисобгирии муҳосибӣ дар корхонаҳои саноатӣ, гурӯҳи «А») ва ҷои сеюм ба гурӯҳи «Оморчиёни ҷавон» бо сардории Ниёзова Мавзуна (курси сеюми ихтисоси омор, гурӯҳи «Б») дониста шуд. Инчунин аз байни иштирокчиён аз ҳама иштирокчии фаъол ва донандаи беҳтарини фанни омор Мирзонаботов Тоҷиддин, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси омор дониста шуд.
Ғолибони озмун бо ифтихорномаҳои садорати факултет ва бо китоби «Омори молияи давлатӣ» мукофотонида шуданд.

Машҳура Абдуллоева