Хабарҳо

Муаррифии барномаи Эразмус+
Ҷалби грантҳо ва дар ин баробар, пешниҳоди лоиҳаҳои грантӣ яке аз масоили муҳим дар пешбурди фаъолияти самти равобити байналмилалии донишкада маҳсуб мегардад. Вобаста ба ин, бо ташаббуси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ рӯзи 22 декабри соли равон барои омӯзгорон семинари омӯзишӣ доир шуд, ки дар он Барномаи Эразмус+ муаррифӣ гардид.
Зимни сухани ифтитоҳӣ Баҳром Сафаров, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ қайд намуд, ки дар семинари мазкур моҳияти Барномаи Эразмус+ ва тарзи пешниҳоди лоиҳаҳои грантӣ шарҳу эзоҳ дода мешавад. Истифода аз ин Барнома барои устодон ҳосил намудани малакаи кор бо лоиҳаҳо, ҳам барои иҷрои сарборӣ ва ҳам барои ҷаҳонбинии худро тавсеа бахшидан мусоидат менамояд.
- Асос идеяи нави авлавиятдошта пешниҳод кардан аст, - гуфт дар охир Б. Сафаров.
Баъдан Наргис Маҳкамова, сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ бо пешниҳоди презентатсия ин Барномаро муаррифӣ кард. Ӯ дар бораи авлавиятҳои ин барнома, ки барои таҳкимбахшии заминаи маълумоти олӣ мусоидат менамояд истода гузашт. Аз ҷумла беҳтар кардани сифати таълим, методҳои таълим, беҳтар кардани менеҷмент ва фаъолияти муассисаҳои олии таълимӣ, идоракунӣ, банақшагирии стратегӣ ва менеҷменти макотиби олӣ, рушди бахши маълумоти олӣ дар ҷомеа, рушди ҳамкориҳои макотиби олӣ бо ташкилоту корхонаҳо, бо кор таъминкунии хатмкунандагон, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар сатҳи минтақавӣ ва ғайраҳоро номбар кард.
Тавре маълум гардид, пешниҳоди лоиҳаҳои грантӣ то 2 феврали соли 2016 бояд сурат гирад.
Дар фарҷом, ҳозирин ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд ва пешниҳод гардид, ки рӯзҳои наздик боз як семинари омӯзишӣ бо нишон додани лоиҳаи грантии татбиқгардида ташкил карда шавад.
М. Абдуллоева