Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Устодон дар Ҳиндустон такмили ихтисос гузаштанд

Устодон дар Ҳиндустон такмили ихтисос гузаштанд

Тавре иттилоъ дода будем, аз 12.10.2015 то 04.12.2015 ду нафар устоди донишкада Асадулло Наҷмиддинов, сардори МТИТИ ва Собирҷон Мараҷабов, мутахассиси ҳамин Марказ дар таълимгоҳи CETTM (Маркази бозомӯзии телеком технолоҷӣ ва менеҷмент) дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон дар курси “Mobile technologies and services” иштирок намуданд.

Дар курси номбурда 10 нафар намоянда аз Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Бангладеш, Маврикий, Гамбия, Танзания ва Зимбабве такмили ихтисос гузаштанд.

Чӣ тавре ки Наҷмиддинов А. иттилоъ дод, дар курсҳои мазкур иштирокчиён донишҳояшонро оид ба технологияҳои навини мобилӣ ва инкишофи ояндаи он тавсеа бахшиданд. Аз ҷумла системаҳои мобилӣ, принсипҳои амалиётии шабакаҳои беноқил, роҳҳои асосии истифодабарии шабакаи GSM ва архитектураи он, 2G ва архитектураи он, GPRS ва EDGE - архитектураи шабака, CDMA-технологияҳо, рушди шабакаҳои 3GPP UMTS ва архитектураи он, функсияҳои бехатарӣ дар GSM, коркарди зангҳо дар шабакаҳои GSM ва UMTS, консепсияи шабакаҳои беноқили додугирифти иттилоот (WiFi ва WiMax), GSM Радио/Шабакаҳои асосӣ, хизматрасониҳои асосӣ ва иловагӣ, инчунин маълумот оид ба шабакаҳои 4G LTE, системаҳои мобилии пардохт ва ғайраҳо.

- Омӯзиш дар курси мазкур ҳам дар шакли назариявӣ ва ҳам лабораторӣ сурат мегирифт. Дар давоми он як маротиба ҳамаи иштирокчиён барои шиносоӣ бо таҷҳизотҳо ба Маркази коммутатсияҳои мобилӣ рафтем, гуфт мавсуф.

Ғайр аз ин, дар давоми курс онҳо аз шаҳри Мумбай ва минтақаи зебоманзари “Маҳабалешвор” ва дигар ҷойҳои таърихию зебоманзар дидан карда, аз меҳмоннавозӣ ва муомилаи хуши мардуми ҳинд баҳра бурданд, ки барои ин ба Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон, ректори ДМИТ ва шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ барои дастгириҳояшон изҳори сипос менамоянд.

Дар охир, А. Наҷмиддинов ва С. Мараҷабов баъд аз супоридани имтиҳон ба тариқи тестӣ аз курси омӯхташуда соҳиби сертификат шуданд.


М. Абдуллоева