Хабарҳо

Роҳҳои рушди иқтисодиёти кишвар
Санаи 22 декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси шуъбаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва кафедраи иқтисод ва идора маҳфили илмии донишҷӯён дар мавзӯи «Самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар ва роҳҳои рушди он» баргузор гардид.
Маҳфилро бо сухани муқаддимавӣ д.и.и., профессор Воҳидов В. ҳусни оѓоз бахшида, оид ба муаммоҳои имрӯзаи иқтисодиёти кишварамон ва ҷаҳон ибрози андеша намуд.
Сипас роҳбари маҳфил ассистенти кафедраи мазкур Қаландаров Р., суханронӣ карда, яке аз нишонаҳои беҳтар гардидани сатҳи некӯаҳолии мардуми кишварро ба рушд ёфтани дараҷаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ вобаста донист ва саҳм гузоштани иқтисодчиёни ояндаро барои боз ҳам тараққӣ додани соҳа муҳим арзёбӣ кард.
Ҳамзамон донишҷӯёни лаёқатманд, Абдуллоев О., дар мавзӯи «Самтҳо ва роҳҳои рушди иқтисодиёти кишвар», Назаров А. оид ба «Таъсири фаъолияти соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, энергетика ва туризм ба рушди иқтисодиёт», Солиев Ф., дар мавзӯи «Фаъолияти бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии кишвар ва саҳми онҳо ба иқтисодиёт» ва Убайдова М., дар мавзӯи «Фаъолият ва сармоягузориҳо дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар» маърузаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Дар фарҷом, мақсади баргузории маҳфилҳоро дар тақвияти дониши толибилмон ва ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ наздик кардани онҳо дониста шуд.
Хисрав Муҳиддинов