Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Фаъолияти ҳизбӣ дар «Молия ва иқтисод»

Фаъолияти ҳизбӣ дар «Молия ва иқтисод»

23 декабри соли равон маҷлиси ҳисоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино баргузор гардид. Дар кори он муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино Ёқубҷон Гадоев ва аъзоёни ҲХДТ дар донишкада ва ҳайати васеи кормандону устодон иштирок намуданд.

Тибқи рӯзномаи маҷлис ҳисоботи Ашурбой Солеҳзода, раиси КИ ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и ҲХДТ дар ноҳияи Сино дар соли 2015 шунида шуд, ки дар бораи фаъолияти КИ ибтидоии номбурда маълумоти пурра дода, қайд намуд, ки шумораи аъзоёни ҲХДТ аз ҳисоби устодону донишҷӯёни ватандӯсту фаъол зиёд гардид. Айни ҳол аз рӯи теъдод ташкилоти мо дар ноҳияи Сино калонтарин мебошад.

Соли 2015 барои КИ мо марҳилаи пешравии камолот, таҳкими интизоми ҳизбӣ, андухтани малакаву маҳорати корҳои ҳизбӣ ва фаъолияти пурсамар буд. Кумитаи иҷроия дар соли ҳисоботӣ дар самти роҳандозии ҳадафҳои барномавӣ, иҷрои вазифаҳои ҳизбии аъзоён барои боз ҳам баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа ва тақвияти донишҳои сиёсию ҳуқуқӣ, фарҳангию маънавӣ, масъулиятшиносӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, худшиносии ҷавонон дар донишкада як қатор чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ гузаронид, гуфт ректор.

Hizb4001.jpgДар музокираи ҳисоботи мазкур Шукрулло Хайров, муовини ректор оид ба таълим, Баҳром Сафаров, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, Манзура Кошонова, декани факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт баромад ва фаъолияти яксолаи КИ ибтидоии «Молия ва иқтисод»-ро қаноатбахш арзёбӣ намуданд. Гуфта шуд, ки имрӯзҳо муҳимияти ҳадафҳои ҳизбро мардум дуруст дарк намудаанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳизб ва тарафдорони он тавассути амалисозии барномаи ҳизб ормонҳои худро амалӣ месозанд.

Аз ин рӯ, ҳадафи асосии мо ин боз ҳам баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа ва дар меҳвари худ гирд овардани қувваҳои солимфикр, тақвияти корҳои идеологию сиёсӣ, мусоидат намудан дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсии шаҳрвандон, таблиѓи ѓояҳои ҳизб дар байни ҷавонону насли наврас ва сафарбар намудани онҳо ба корҳои созандагию бунёдкорӣ мебошад, таъкид намуданд баромадкунандагон.

Сипас ба 50 нафар устодони тоза ба сафи ҲХДТ шомилшуда дафтарчаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Дар анҷом, доир ба масъалаҳои матраҳгардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.


Наврӯз Умаров

муовини раиси КИ ибтидоии «Молия ва иқтисод»