Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳамкасбон, устодон ва шогирдони азиз!

Ҳамкасбон, устодон ва шогирдони азиз!

Бо самимияти том фарорасии Соли нави 2016-ро бароятон табрику таҳният гуфта, орзуманди сарафрозию саломатӣ ва ободии хонадони ҳар яки Шумо ҳастам.

Соле, ки сипарӣ гардид, барои мардуми мо соли таърихию сарнавиштсоз буд. Дар ин сол як қатор чорабиниҳои арзишманди фарҳангӣ, аз ҷумла бузургдошти 700 - солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 3000 - солагии Ҳисори Шодмон баргузор гардид, ки онҳо барои таҳкими ҳисси ватандориву худшиносӣ, эҳтирому арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ, суботу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва амалӣ гардидани ҳадафҳои неки ободкориву созандагии халқамон мусоидат менамоянд.

Барои ҳайати устодон, кормандон ва донишҷӯёни ДМИТ низ соли 2015 соли бобарор буд. Зеро дар ин сол эътирофи байналмилалии фаъолияти донишкада бо сазовор гардидани ДМИТ бо ду ҷоизаи байналмилалӣ: «Тоҷ барои сифат» ва BIZZ-2015 амалӣ гардид, ки ин дар ҷумҳурӣ бесобиқа аст. Ҷамъбасти хубу сазовор бовариро ба ояндаи нек афзун намуда, барои фаъолияти пурсамари минбаъда қувваи тоза мебахшад. Маҳз неруи созандаву фаъолияти эҷодкорона ва муносибати дилсӯзона, шавқу завқ ва рӯҳияи баланди устодон ва насли ҷавон дар самти таълиму тарбия ва пешравии донишкада омили асосист.

Устодону кормандон ва донишҷӯёни азиз! Ба Шумо дар роҳи иҷрои вазифаҳои азиму масъулиятнок ва аз бар намудани илму дониш музаффариятҳои навин хоҳонам. Бигзор, Соли нав ба хонадони ҳар яки Шумо файзу баракат ва суботу хотирҷамъӣ оварад.


Соли наватон муборак!

Ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода