Хабарҳо

Донистани илми таълим ва тарбия дарсҳоро хушсифат месозад
Чанде пеш дар бораи такмили ихтисос, бахусус курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии педагогӣ барои ассистентону муаллимони ҷавони камтаҷриба, ки бо иқдоми роҳбарият ва раёсати таълими донишкада ташкил шудааст, хабар дода будем.
Инак аз рӯзи 25 декабр сар карда, даври дуюми курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии педагогӣ оғоз шуд. Ин маротиба низ ассистентон ва ҳамчунин муаллимони собиқадор ба курсҳои мазкур ҷалб шуданд. Теъдоди сершумор ва иштироки фаъолонаи муаллимон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки таваҷҷуҳ ба омӯзиши педагогика ва ба азбарнамоии илми таълиму тарбия меафзояд ва ин василаест барои рафъ намудани мушкилот дар раванди таълим.
Даври дуюми курсҳои омӯзишии маҳорати педагогӣ то 7 январи соли 2016 идома меёбад.
Маслиҳат медиҳем, ки ин иқдоми некро қадр карда, аз чунин имконият истифода бояд бурд.
Хисрав Муҳиддинов