Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Туҳфаи солинавӣ ба мактаб-интернат

Туҳфаи солинавӣ ба мактаб-интернат

Дастгирӣ ва кумак ба табақаи ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла ятимону барҷомондагон ва маъюбон корест савобу хайр. Вобаста ба ин, раёсати донишкада ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳо ба ниёзмандон эҳсонкорӣ менамояд. Ин навбат ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2016 ба таълимгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони шунавоияшон суст ва деркаршудаи ноҳияи Рӯдакӣ туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд. Туҳфаҳои солинавиро ба бошандагони хона-интернат муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Ахмедова Зулфия ва муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва маъмурию хоҷагӣ Саймаҳмуд Қаландаров тақдим карда, онҳоро ба муносибати омадани соли нав муборакбод гуфта, дар хониш ва зиндагии ояндаашон бурдбориҳо таманно намуданд.

Дар ин рӯз хурсандии кӯдакон ҳадду канор надошт, онҳо аз ин кори хайр хеле рӯҳбаланд шуда, шеърҳои азбарнамудаи худро ба ҳозирин пешкаш намуданд.

Директори мактаб-интернати мазкур Мукаррама Неъматова ба роҳбарияти ДМИТ барои дастгирии моддӣ ва маънавии доимӣ миннатдории бепоёни худро иброз дошта, гуфт, ки таълимгирандагони ин дабистон дар баробари донишандӯзӣ, ҳамчунин ба ҳунаромӯзӣ низ ҷалб карда шудаанд, ки пас аз хатми таълимгоҳ тавонанд бо ҳунари худ рӯзгори хешро пеш баранд.

Бояд қайд намуд, ки ДМИТ сарпарасти мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони шунавоияшон суст ва деркаршудаи ноҳияи Рӯдакӣ буда, чунин иқдомҳои хайрхоҳона дар арафаи ҳар иду айём ба ин дабистон расонида мешавад.


Хисрав Муҳиддинов