Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Сессияи зимистона сар шуд

Сессияи зимистона сар шуд

Имрӯзҳо дар донишкада сессияи зимистона оғоз гардида, донишҷӯён дар марказҳои тестӣ имтиҳон месупоранд.

Тавре Амрулло Нуралиев, сардори Раёсати таълими донишкада иттилоъ дод, сессияи зимистона барои донишҷӯёни курсҳои 1-3 аз 28 декабри соли 2015 оғоз гардида, то 16 январи соли 2016 идома меёбад. Барои донишҷӯёни курси 4 бошад, то 20 январ давом мекунад. Аз шумораи умумии донишҷӯёни шакли таҳсилоташ рӯзона 3955 нафар ба сессия роҳ дода шуданд. Умуман, дар маҷмӯъ аз 389 номгӯйи фан пурра тестҳо омода гардидаанд.

Ёдрас мешавем, ки бо мақсади шаффоф ва дар сатҳи баланд гузаронидани имтиҳонҳои сессияи ҷорӣ аз ҳисоби муовинони ректор, кормандони раёсати таълим ва маркази технологияҳои инноватсионии таълимӣ ва иттилоотӣ ситоди донишкадавӣ таъсис гардида, ба факултетҳо вобаста карда шудаанд. Онҳо ҷараёни баргузории сессияи имтиҳонӣ, аз ҷумла вазъи аз тарафи кормандони маркази тестӣ омода намудани саволномаҳои тестӣ, аз тарафи омӯзгорон саривақт дуруст ва тибқи талаботи муқарраргардида оғоз намудани имтиҳон, хонапурӣ ва имзо кардани варақаҳои имтиҳониро назорат менамоянд.


М. Абдуллоева