Хабарҳо

Кафедраи назарияи иқтисодӣ эҳсонкорӣ кард
Дасти кумак расондан ба ниёзмандон ва сила намудани сари ятимон махсусан дар арафаи идҳо амалест хайр. Ҳайати устодони кафедраи назарияи иқтисодӣ низ вобаста ба ин ташаббус нишон дода, ба тарбиятгирандагони хонаи бачагони то синни мактабии №1 шаҳри Душанбе ба муносибати фарорасии Соли нав кумаки моддӣ расонданд. Аз тарафи онҳо ба кӯдакон маводи хӯрокворӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ расонида шуд ва боварӣ ҳаст, ки ин қабил амалҳои нек минбаъд низ аз тарафи омӯзгорони донишкада гузаронида мешавад.
М.Абдуллоева