Хабарҳо

Имкониятҳои нави истифодаи технологияҳои инноватсионӣ
Санаи 9 январи соли 2016 дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон маҳфили навбатии илмӣ-амалии «Коршиноси иқтисодӣ» баргузор гардид. Дар маҳфил масъалаҳои назария ва амалияи равандҳои бозомӯзии технологияҳои инноватсионӣ, заминаҳои мафкуравии илмию омӯзишӣ, роҳҳои бартараф кардани мушкилиҳои тараққиёт ва дарёфти роҳҳои пурсамари шабакаҳои мобилӣ ва технологияҳои инноватсионӣ ва истифода бурдани таҷрибаи мамлакатҳои пешқадам дар ин самт пешниҳод гардонида шуд.
Бо ҳамин мақсад дар маҳфил таҳти унвони «Таҷрибаи идоракунии технологияҳои муосири Ҳиндустон ва истифодабарии он дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърузаҳои сардори Маркази технологияҳои инноватсионии таълимӣ ва иттилоотӣ Наҷмиддинов А. ва мутахассиси марказ Мараҷабов С., ки дар сафари хидматӣ дар Ҳиндустон қарор доштанд, шунида шуд.
Чунонки А. Наҷмиддинов дар баромади хеш иброз дошт, асоси ташаккул додани рушди шабакаҳои технологияҳои инноватсионии Ҳиндустон ин мутобиқшавӣ ба моделҳои нави шабакаҳои мобилӣ ва вобастакунии имкониятҳои таъмингардонии идоракунии марҳилавии онҳо дар хизматрасонӣ бо механизм ва фишангҳои миллиашон мебошад. Ҳамзамон чунин амал бештар дар заминаи назорат ва истифодаи фишангҳои ҳамоҳангии техника ва технологияҳои муосир бо амалия ба роҳ монда мешавад. Дар заминаи мақсадҳои навсозию дигаргунӣ ин мамлакат тавонистааст, ки ба мамлакатҳои рушдёфта табдил ёбад.
Мараҷабов С. бошад, бо назардошти вазъи бозомӯзии навигариҳои технологӣ қайд намуд, ки ин гуна вазъият низ ҷиҳатҳои омӯзиширо дорост. Дар ҷараёни сафарбарнамоии функсия ва вазифаҳои технологияҳои мобилии Ҳиндустон ба назар мерасад, ки дар рушди инноватсионӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Сари ҳар қадам аз тарафи онҳо риояи баланди самаранокӣ ба назар мерасад. Дар ҳамин асос баланд бардоштани мақоми технологияҳои муосир ва пеш гирифтани роҳҳои мукаммалгардонидашуда ба роҳ монда шудааст.
Ҳамин тавр, дар маҳфил ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи рушди технологияҳои инноватсионии кишвар бо дараҷаи сифатан нави пеш гирифтани дараҷаи бозсозиҳо, омӯзиши онҳо дар сатҳи байналхалқӣ алоқаманд баррасӣ гардид.
Дар музокира ноиби ректор дотсент Сафаров Б., бо мақсади минбаъд пеш гирифтани роҳҳои нави истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва шабакаҳои мобилӣ, ба эътибор гирифтани мушкилиҳои технологӣ ва рафъи онҳо дар мавқеъгирии Тоҷикистон аз ҳисоби истифодабарии васеи дастовардҳои технологӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ андешаҳои худро баён кард.
Маърӯзачиён изҳор доштанд, ки таҷрибаи Ҳиндустон аз бисёр ҷиҳат ҷоизи сафарбарнамоӣ ва дар амал татбиқ намудан аст.
Қобили зикр аст, ки номбурдагон дар доираи барномаи ITEC –и Ҳукумати Ҳиндустон тӯли ду моҳ дар шаҳри Мумбайи кишвари Ҳиндустон такмили ихтисос гузаштанд.
Саъдихоҷа Маъдиев, н.и.и., дотсент
котиби маҳфили «Коршиноси иқтисодӣ»