Хабарҳо

Курсҳои омӯзишии «Маҳорати педагогӣ». Имтиҳони гурӯҳи дуюм
11.01.2016. Имтиҳонсупории муаллимон аз фанни педагогика ва психология.
Чанде пеш хабар дода будем, ки машғулиятҳои даври дуюми курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии «Маҳорати педагогӣ» оғоз шуда буданд. Ин маротиба беш аз 30 нафар устодони донишкада, аз ҷумла ассистентон ва ҳатто мудирони кафедра низ ба курсҳои мазкур шомил шуда, аз нозукиҳои илми таълим ва тарбия, психологияи педагогӣ бархӯрдор гаштанд.
Бояд гуфт, ки нуқтаи назар ва баҳсу андешаҳо миёни шунавандагон асосан ҷиҳати рафъсозии проблемаҳои ҷойдошта дар раванди таълим сурат мегирифт. Ҳамчунин мазмуни дарсҳо моҳиятан ба масъалаҳои баландбардории сатҳи дониш, малака ва маҳорати донишҷӯён равона мегардид.
Новобаста аз давомнокии кӯтоҳи курсҳои омӯзишӣ, имтиҳон хуб натиҷагирӣ карда шуд.
Аз шунавандагон н.и.п., дотсент Носиров С.Ш., сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълими ДМИТ Холбобоев Р. ва мутахассиси ҳамин шуъба Темуров Ф.С. имтиҳон қабул карданд, ки дар он 29 нафар комёб гардиданд.
Хисрав Муҳиддинов