Хабарҳо

Китобхони беҳтарин муайян гардид
Китоб манбаи дониш ва дӯсти беғарази инсон буда, маҳз барои толибилмон китобхонӣ омили асосии афзуннамоии дониш ва заминаи мутахассиси комил шудан маҳсуб мегардад.
Бо мақсади муайян кардани китобхони беҳтарин ва афзун намудани шумораи китобхонҳо бо Фармоиши ректори ДМИТ аз 11.01.2016 таҳти №3/и дар донишкада озмуни «Китобхони беҳтарини сол» гузаронида шуд. Озмунро шуъбаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва Китобхонаи илмии донишкада рӯзи 14 январи соли ҷорӣ ҷамъбаст намуд.
Аз тамоми факултетҳои донишкада 16 нафар китобхонҳои беҳтарин ба қайд гирифта шуда, дар озмун иштирок карданд.
Шартҳои асосии озмун ин аз ҳама бештар гирифтан ва мутолиа кардани китоб, дар муҳлати муайяншуда баргардонидани он, мутолиа намудани китобҳои бадеӣ, риояи Низомнома дар бораи қоидаҳои гардиши китобхона ва тозаю озода баргардонидани китобҳо маҳсуб меёфт. Илова бар ин, ба иштирокчиёни озмун саволҳои интеллектуалӣ низ дода шуд.
Дар ҷамъбаст, аз рӯи талаботи шартҳои озмун ҷои якум насиби донишҷӯи курси 4, факултети молия ва қарз Маллаева Манзура, ҷои дуюм насиби донишҷӯи курси 4, факултети ҳисобдорӣ ва омор Табаров Аҳлиддин ва ҷои сеюм бошад, насиби донишҷӯи курси 2, ҳамин факултет Халилова Шарофат гардид.
Дар охир, Ғиёсиддин Ашуров, муовини ректор оид ба илм ғолибони озмунро муборакбод намуда, дар таҳсили ояндаашон бурдбориҳо таманно кард.
Муҳиддинов Хисрав