Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҷамъбасти сол баёнгари муваффақият дар фаъолияти ДМИТ аст

Ҷамъбасти сол баёнгари муваффақият дар фаъолияти ДМИТ аст

Рӯзи 18 январи соли 2016 дар донишкада ҷаласаи васеи ғайринавбатии Шӯрои олимон бо иштироки ҳайати профессорону устодон ва кормандон баргузор шуд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа ҳисоботи ректори донишкада Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид оид ба натиҷаҳои фаъолияти ДМИТ дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016 шунида шуд, ки фарогири фаъолияти тамоми ҷабҳаҳои донишкада дар муддати соли ҳисоботӣ буд.
Ректори донишкада дар бораи натиҷаҳои фаъолияти яксолаи донишкада муфассал суханронӣ карда, барои соли 2016 вазифаҳоро муқаррар кард. Дар баромади мавсуф ҳамаи паҳлуҳои фаъолияти сохторҳо ҳамаҷониба таҳлил ва нисбати беҳбудӣ бахшидан дар самти корҳои таълимию методӣ, илмӣ, тарбиявӣ, равобити байналмилалӣ ва молиявию хоҷагидорӣ андешаҳои ҷолиб иброз гардид.
Мавсуф аз ҷумла қайд кард, ки ҷамъбасти соли 2015 баёнгари он аст, ки дар фаъолияти ДМИТ муваффақиятҳои назаррас ба даст омадаанд, ки натиҷаи ташкили дурусти раванди таълим, роҳбарӣ, дастгирӣ ва назорати мунтазами фаъолияти ҳайати профессориву омӯзгорӣ ва тамоми кормандон мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки маҳсулнокии меҳнати кормандони донишкада дар ҳамаи самтҳои фаъолияти таълимӣ беҳтар гардидааст. Дар соли сипаригардида донишкада соҳиби ду ҷоизаи байналмилалӣ «Тоҷ барои сифат» (22 марти соли 2015, Женева, Швейтсария) ва ҷоизаи BIZZ-2015 (World Confederation of businesses – WORLDCOB, 1 августи соли 2015, Лас-Вегас, ИМА) гардиданаш худ ифодагари фаъолияти пурсамари кормандони он ва эътирофи байналмилалии таълимгоҳ мебошад.
Jambasti4001.jpgБо баробари қаноатмандӣ аз пешравиҳои фаъолияти меҳнатӣ, ҳамзамон мавсуф ба нуктаҳое таваҷҷуҳ зоҳир кард, ки онҳо метавонанд дар рушди таълимгоҳ монеа эҷод намоянд. Аз ҷумла, ба таври бояду шояд аз ҷониби устодон истифода нагардидани воситаҳои техникии таълимии муосир дар ҷараёни таълим, камбудиҳо дар таҳияи тестҳои имтиҳонӣ, мутобиқат накардани мавзӯъҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии баъзе кафедраҳо ба самтҳои илмии донишкада, бо сабаби нокифоя будани шумораи мақолаҳои илмӣ ба таъхир афтодани чопи маҷаллаи илмии «Паёми ДМИТ», натиҷаи аттестатсияи муаллимони калон, камбудиҳо дар фаъолияти кории бархе аз кураторон ва як қадар камбудиҳои ҷузъии фаъолияти сохторҳои алоҳидаро чун тақвияти эродҳои зикршударо таъкид кард.
Ҳамзамон сарвари таълимгоҳ дар ҷамъбаст ҳадафи асосии кормандон ва ҳайати профессориву омӯзгории донишкадаро дар тарбияи мутахассиси фаъол ва созанда, инчунин дар донишҷӯён тарбия кардани эҳсоси худогоҳии миллӣ, худшиносии таърихӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангиву ахлоқӣ ва демократӣ донист, ки ин ҳама барои ноил шудан ба дастовардҳои навин мусоидат менамоянд.
Омили муҳими таъмини рушди донишкада ва баланд бардоштани сифати таълим мунтазам такмил додани стандартҳои давлатии таҳсилот, нақшаву барномаҳои таълимӣ ва сайқал додани савияи дониши устодон тавассути курсҳои такмили ихтисос мебошад, ки дар арзёбии сифати таҳсилот ва сатҳи донишандӯзии донишҷӯён нақши муҳим ба ҳисоб меравад, гуфт ректор.
Дар ҷамъбаст, ҷиҳати беҳтар кардани корҳои таълимию методӣ ва илмиву тарбиявӣ барои соли 2016 иҷрои баъзе корҳо муҳим арзёбӣ гардида, вобаста ба ин масъулини сохторҳо муваззаф карда шуданд:
Дар охири ҷаласа устодон Давлатов Хуршед, Убайдов Фахриддин ва Маҳимов Муродалӣ дар музокираи масъала иштирок ва фаъолияти яксолаи донишкадаро қаноатбахш арзёбӣ намуда, дар ин баробар барои пешравии кор ва болобурди сифати таълим фикру мулоҳизаҳои мушаххас пешниҳод карданд.

Машҳура Абдуллоева