Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нигоҳе ба вазъи муосири омори минтақавӣ

Нигоҳе ба вазъи муосири омори минтақавӣ

Омори минтақавӣ ин низоми ҷамъоварӣ ва коркарди иттилооти боэътимоди иқтисодию оморӣ доир ба рушди минтақаҳои мамлакат мебошад. Дар асоси маълумоти омории минтақа фаъолияти хоҷагидорӣ ва вазъи иқтисодии бозори он, ҷалби сармоягузории минтақаҳо баҳо дода шуда, имконияти муайян намудани ҳадаф ва вазифаҳои идоракунӣ, таҳияи барномаҳо ва пешгӯии рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо таъмин карда мешаванд.
19 январ дар донишкада мизи мудаввар дар мавзӯи «Такомули омори минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барпо гардид. Онро бо сухани ифтитоҳӣ ноиби ректор оид ба илм Ғиёсиддин Ашуров ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки аз ҷониби кафедраи омори донишкада ташкил ва гузаронидани мизи мудаввар дар ин мавзӯъ муфид ва саривақтӣ буда, баҳри рушди минбаъдаи соҳа мусоидат менамояд.
Сипас сардори Раёсати таъсиси регистри корхонаҳо, ташкилотҳо, таснифотҳо ва ташкили ҳисоботи омори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Раҷабова дар мавзӯи «Асосҳои назариявӣ ва методологии омори минтақавӣ», сардори Раёсати ҷамъбасту таҳлили иқтисодӣ ва робитаҳои байналмилалии ҳамин агентӣ Хуршед Қосимов дар мавзӯи «Системаи нишондиҳандаҳои омори минтақавӣ», сардори шуъбаи омори Раёсати омор ва тавозуни пардохти Бонки миллии Тоҷикистон Раъно Исмоилова дар мавзӯи «Региональная статистика банковской системы Таджикистана: проблемы и перспективы развития», н.и.и., дотсенти ДМИТ Саидхоҷа Маъдиев дар мавзӯи «Тадқиқи потенсиалии иҷтимоию иқтисодии минтақа» ва Назар Солиев - сардори шуъбаи методология ва таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон баромад намуданд. Зикр гардид, ки маълумоти аниқ ва боэътимоди омори минтақавӣ имконият медиҳад, ки қарорҳои самараноки идоракунӣ баҳри рушди иқтисодӣ ва ноил гаштан ба зиндагии шоистаи мардум аз рӯи иҷроиши онҳо қабул карда шаванд.
Дар ҷамъбаст музокираҳо сурат гирифт.


Насрулло Тӯйчизода