Хабарҳо

ПАЁМ-РОҲНАМО
20 январ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум шуда гузашт, ки дар он Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми навбатӣ ба Парлумони мамлакат, ки фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар аст, баромад намуд.
Бояд тазаккур дод, ки устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар се толори калони донишкада пахши мустақими ироаи Паёмро тариқи оинаи нилгун бодиққат тамошо ва нуктаҳои муҳими онро барои худ қайд карданд.
М.Абдуллоева