Хабарҳо

А. Солеҳзода: «Соли 2015 барои ДМИТ хотирмону бобарор буд»…
22 январ дар Маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ оид ба фаъолияти Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2015 нишасти матбуотӣ доир гардид. Ректори донишкада А. Солеҳзода иштироки намояндагони воситаҳои ахбори оммаро хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки соли 2015 барои ДМИТ соли хотирмон буд, зеро донишкада ба як қатор комёбиҳои бузург ва эътирофи байналмилалӣ ноил гашт.
Зикр гардид, ки яке аз дастовардҳои беҳтарини донишкада ин аст, ки барои нишондод ва дастовардҳо дар соҳаи идоракунӣ, баланд бардоштани сифати кору маҳсулот ва ҷорӣ намудани технология ва инноватсияҳои ҷадид донишкада ба ду ҷоизаи байналмилалӣ- ҷоизаи тиллоии «Тоҷ барои сифат» (22 марти соли 2015, Женева) ва ҷоизаи BIZZ-2015 (Лас-Вегас, ИМА) сазовор гардид, ки дар ҷумҳурӣ бесобиқа аст. Ҳамзамон ба ин муносибат дар чанде аз маҷаллаҳои бонуфузи хориҷа бо забони англисӣ дар бораи фаъолияти донишкада мақолаҳо ба чоп расидааст.
Дар соли 2015 дар донишкада 147 машваратҳои илмӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла, 1 конфронси байналмилалӣ, 3 конфронси ҷумҳуриявӣ, 10 конфронси илмӣ-назариявӣ ва илмӣ-амалии донишкадавӣ, 2 онлайн-конфронс, 71 мизи мудаввар ва семинарҳо, 60 маҳфил ва озмунҳо барпо шуданд, ки нисбат ба соли 2014 бештар аст.
Ҳамзамон А. Солеҳзода иттилоъ дод, ки дар соли 2015 аввалин бор хатми магистрантон сурат гирифт ва 1-уми сентябр ба 41 нафар хатмкунандагон дипломҳо супорида шуд. Натиҷаи қабули довталабон дар донишкада назаррас буда, иҷроиши он 78,6 %-ро ташкил кард, ки нисбат ба соли гузашта, 10,6 % ё ба миқдори 525 нафар зиёд аст.
Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ ҳамкориҳои байналмилалии ДМИТ низ густариш ёфта, бо зиёда аз 18 муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ташкилотҳои дохил ва хориҷи кишвар шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Айни замон дар донишкада 5 лоиҳаи грантӣ татбиқ гашта истодааст.
Пас аз баромади ректори донишкада хабарнигорон ба ў саволҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Насрулло Тӯйчизода