Хабарҳо

ДМИТ такмили ихтисосро зарур медонад
Аз рӯзи 25 то 27 январи соли ҷорӣ дар партави Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар донишкада курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии низоми кредитии таҳсилот баргузор гардид. Дар рӯзи аввали ташкили курсҳо ноиби ректор оид ба таълим Шукрулло Хайров дар хусуси ба миён омадани зарурати омӯзиши низоми кредитии таҳсилот чанде андеша ронда, даъвати мутахассис, н.и.и., дотсенти Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон Нарзулло Сангиновро барои омӯзонидани устодони донишкада бо ҳамин мақсад арзёбӣ кард.
Сангинов Н. дар оғоз дар бораи бурду бохти низоми таҳсилоти даврони Иттиҳоди Шӯравӣ, кишварҳои Амрикову Аврупо ва мамолики Шарқ ёдовар шуда, сабабу мақсадҳои ба ин низом гузаштан, яъне воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилотро мавриди назар қарор дод.
Ҳадафи асосии гузаштани муассисаҳои олии касбии Тоҷикистон ба ин низом он аст, ки донишҳои андухтаи назариявиро бо амалия пайваст ва татбиқ намуда, донишҷӯро ба мустақилият роҳнамун сохтан мебошад.
Мавсуф дар бораи принсипҳо, талабот, усулҳои корбарӣ ва тарзи роҳандозӣ кардани низоми мазкур дар раванди таҳсил муфассал истода гузашт. Дар қиёс бо дигар муассисаҳои олии касбӣ мисолҳо оварда, бо назардошти интихоби ихтиёрии баъзе тарафҳои нозуки амалинамоии низоми кредитии таҳсилот роҳи ҳалли он гуфта шуд.
Аз ҷониби шунавандагони курсҳо – устодону профессорон, мудирони кафедраҳо, садорати факултаҳо, раёсати таълими донишкада ва дигарон роҷеъ ба корбарии дуруст дар ин самт, холгузорӣ ба фаъолияти таълимии донишҷӯ, шаклу услубҳои ягонаи баҳодиҳӣ, баҳогузорӣ ба нутқи шифоҳӣ ва хаттии онҳо, сарбории таълимии устод ва ба ҳамин монанд саволҳо басо зиёд шуданд. Дар хусуси ҷамъбасти рейтингҳо, имтиҳоноти ҷамъбастӣ ва натиҷагирӣ аз он, миқдори кредитҳо, андозаи кредитҳо ва меҳнатталабӣ, дарсҳои лексионӣ, дарсҳои амалӣ, КМРУ, КМД ва истифодаи усулҳои бозиҳои касбӣ дар ҷараёни дарсҳо низ саволҳо дода шуда, шунавандагон ба пурсишҳояшон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Бояд гуфт, ки миёни лектору шунавандагони курсҳои омӯзишӣ дар хусуси донишандӯзӣ ва тафаккури эҷодии муҳассилин, ҳамзамон бобати омодагии устодон ба ин низом, таҳияи барномаҳои кории таълимӣ – силлабус баҳсҳои муфид сурат гирифт, ки аз манфиат холӣ набуд.
Ҳамчунин Тошматов М.Н., н.и.и., профессори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ки даъват шуда буд, дар мавзӯи «Хусусиятҳои хоси татбиқи низоми кредитии таҳсилот бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ» муфассал баромад карда, аз таҷрибаи корбарӣ дар ДТТ мисолҳои зиёд овард. Дар бораи ҷараёни Балония – талабот ва хусусиятҳои хоси фазои ягонаи таҳсилот, таҳияи модели сифати таҳсилот барои ҳар як фанни таълимӣ ва ғайра сухан рафта, аҳамиятнокии соатҳои ҷудошударо барои корҳои мустақилонаи донишҷӯ муҳимтар донист.
Дар охир, мутахассисони даъватӣ баъзе масъалаҳои баҳсталабро, ки ба вазъи молиявии ҳар кадом муассисаи таълимӣ вобаста аст, ба салоҳияти худи таълимгоҳ рабт доданд. Ҷорӣ намудани низоми нави таълим ва дигарсозии баъзе ҷабҳаҳои ин низомро дар раванди таҳсил дар муассисаҳои олии касбии мамлакат бо дарназардошти хусусиятҳои миллӣ низ баён карданд.
Рӯзи 27 январ ноиби ректор оид ба таълими донишкада Хайров Ш.Қ. курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии низоми кредитии таҳсилотро ҷамъбаст карда, баргузории чунин курсҳои таълимиро, ки ба болобурди сифати таълим ва умуман, самаранокии фаъолияти субъектҳои ҷараёни таълим – устод ва донишҷӯ таъсири мусбат мерасонад, саривақтӣ ва судманд арзёбӣ кард.
Саъдулло Носиров