Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ПАЁМ - ДАСТУРИ АМАЛ

ПАЁМ - ДАСТУРИ АМАЛ

Рӯзи 28 январи соли 2016 дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки кормандону устодон ва донишҷӯён ҷаласа бахшида ба баррасии дастуру ҳидоятҳо ва вазифаҳои дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ овардашуда доир шуд.
Дар ҷамъомад Маҳмудиён Нозилшо Ҳаким, муовини раиси ноҳияи Сино, Таваккал Камолов, роҳбари дастгоҳи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, Икром Сатторов, мутахассиси КДАМ ҶТ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сараввал ректори донишкада Солеҳзода А.А.. дар бораи ҷанбаҳои иқтисодии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олиро мавриди таҳлили амиқ намуда, афзуд, ки дар баробари он ки имсол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва умуман дар арсаи байналмилалӣ буҳрони иқтисодию молиявӣ давом дорад, кишвари мо дар арсаи рушди иқтисодӣ ва таъмини рушди иҷтимоӣ назар ба дигар кишварҳои дунё ба муваффақиятҳо ноил гардид. Аз ҷумла ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 2007 ба 20,3% афзоиш ёфта, теъдоди корхонаҳои саноатӣ ба 29,1% зиёд шуд. Маҳсулнокии меҳнат дар соҳа ба 26,7% афзоиш ёфт, ки пеш аз ҳама аз ҳисоби ба кор даровардани корхонаҳои нави бо техника ва технологияҳои муосир муҷаҳҳазшуда ба даст оварда шуд. Феълан тамоюли диверсификатсияи соҳа ба назар мерасад. Дар ҳафт соли охир дар кишвар зиёда аз 1600 коргоҳ ва корхонаҳои нави саноатӣ ташкил карда шуд, ки ин ҳама аз рушди иқтисодӣ дарак медиҳад.
Дар баробари ин, муваффақиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишондиҳандаҳои рейтингии байналмилалӣ назаррасанд. Аз ҷумла Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳои ҷаҳон аз рӯи нишондиҳандаи рушди инсон (НРИ) бо нишондиҳандаи мутобиқ бо сатҳи миёнаи рушди инсон – 0,624 дар байни 188 кишвар ҷои 129-умро ишғол мекунад ва дорои иқтидори назарраси болоравӣ аз рӯи ҳамаи ҷанбаҳои асосии НРИ мебошад.
Дар Паёми имсола оид ба рушди минбаъдаи кишвар ва саноатикунонии мамлакат дастурҳо дода шуданд. Бо татбиқи Стратегияи миллии рушди ҶТ барои то солҳои 2030 Ҷумҳурии Тоҷикистон модели рушди индустрлиалӣ-инноватсиониро пеш гирифтааст, ки он тақозо менамояд, ки корхонаҳои саноатӣ дар кишвар бунёд карда шаванд. Дар баробари ин, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи минбаъд рушду равнақ додани соҳаҳои истеҳсолӣ ва ба кишвари индустриаливу кишоварзӣ табдил додани Тоҷикистон дастурҳо доданд. Аз ҷумла сенарияи саноатию инноватсионӣ бунёди асосҳои рушди инноватсионии иқтисодиёти кишварро пешбинӣ мекунад. Мувофиқи он рушди иқтисодӣ асосан аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ дастгирӣ гардида, бо истифодаи самараноки сарчашмаҳои берунаи маблағгузории иқтисоди миллӣ пурра мегарданд. Ҳиссаи андозҳои холиси ғайримустақим дар сохтори ММД ба эътидол меояд, ки худ мувозинати буҷетиро таъмин мекунад. Хароҷот ба соҳаи маориф ва илм ба сатҳи 7% мерасад, ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 10% ММД-ро ташкил медиҳад, гуфт мавсуф.
Paem4001.jpgБаъдан Маҳмудиён Нозилшо Ҳаким, Ғуломҷон Мирзоев, н.и.ф, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва Умедҷон Шарипов, устоди кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ доир ба ҷиҳатҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии Паём баромад карда, таҳлилҳои илмӣ оварданд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки Паёми навбатӣ дастур барои ташаккул ва рушди тамоми соҳаҳои кишвар маҳсуб мегардад. Дар Паём стратегияи рушди ҷомеа, сиёсати хориҷӣ ва дохилии кишвар ба таври возеҳ ифода ёфта, татбиқи амалии дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва барномаҳои муҳиме, ки ҷомеаи моро аз мушкилиҳо раҳоӣ мебахшад, аз масоили меҳварии ин ҳуҷҷати муҳим ба шумор мераванд.
Ҳамзамон қайд гардид, ки ба иқтисодиёт ва шароити кунунии Тоҷикистон ва ҳувияти миллии мо мутобиқат кардани мавзӯъҳои илмии фармоишӣ амри воқеӣ ва созгор аст.
Дар фарҷоми ҷамъомад Ашурбой Солеҳзода таъкид намуд, ки ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни ДМИТ бандҳои Паёмро оид ба таъмини рушди иқтисодии кишвар, баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, дурӣ ҷустан аз мафкураи ғайр ва созмонҳои террористиву экстремистӣ, мақоми зан дар ҷомеа, рушди соҳибкорӣ, нақши ҷавонон дар рушду нумуи кишвар, ҳимояи волоияти қонун ва манфиатҳои давлату ҷомеа яке аз вазифаҳои асосии худ дониста, минбаъд мекӯшанд, ки ҳар як нуктаи онро омӯзанд ва омӯзонанд. Инчунин омӯзгорон бояд таҳлилҳои илмӣ намуда, дар машғулиятҳо аз он истифода баранд ва барои омода кардани мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замон тамоми маҳорати худро сарф созанд.


Машҳура Абдуллоева