Хабарҳо

Баррасии фаъолияти бонувон
Рӯзи 27 январи соли равон бо ташаббуси шуъбаи тарбия маҷлиси занону духтарони донишкада доир гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои фаъолияти Шӯрои занон ва духтарони донишкада, гузаронидани муоинаи тиббӣ дар байни кормандон, фаъолияти кураторон бо донишҷӯёни гурӯҳҳои академӣ ва истиқоматкунандагони хобгоҳҳо, оид ба рафтор ва либоспӯшии бонувон дар донишкада мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Сараввал Зулфия Ахмедова, муовини ректор оид ба тарбия баромад карда, баъзе нуктаҳои ба фаъолияти занон вобастаро гуфта гузашт. Ӯ, аз ҷумла ба масоили либоспӯшии баъзе аз кормандон бо интиқод назар карда, ислоҳшавии онҳоро таъкид карда, намунаи либосҳои расмии коргузориро дар расмҳо нишон дод.
Дар ҷаласа мудири шуъбаи Маркази шаҳрии муоинаи профилактикии тиббӣ Нурмуҳаммад Абдулҳамидов иштирок дошт ва дар бораи муоинаи ҳатмии тиббии кормандон маълумот ва ба суолҳои иштирокчиён посух дод.
Сипас баромади раиси Шӯрои занон ва духтарони донишкада Раҳимова Қ. дар бораи фаъолияти сохтори мазкур шунида шуд.
Гуфта шуд, ки фаъолияти донишҷӯдухтарон нисбати занон беҳтар буда, дар хобгоҳ ва дар донишкада озмунҳои гуногун гузаронида мешаванд. Бинобар ин мавсуф аз бонувони донишкада даъват ба амал овард, ки фаъолтар шуда, ташаббус нишон диҳанд ва дар корҳои ҷамъиятии донишкада низ иштироки бевосита дошта бошанд.
Баъдан сармутахассиси шуъбаи тарбия Мавҷуда Давлатова доир ба фаъолияти кураторон-занон, фарҳанги либоспӯшӣ ва муоширати ҷавондухтарон ва дигар масъалаҳои доғи рӯз ибрози андеша кард.
Аз тарафи бархе аз муаллимаҳо таклиф шуд, ки бонувони фаъоли донишкада аз тарафи раёсат ҳавасманд карда шуда, заҳмати онҳо қадр карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки дар донишкада айни замон 243 нафар занон дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият менамоянд, ки аз инҳо 2 нафар доктори илм, профессор ва 11 нафар номзади илм мебошанд.
Машҳура Абдуллоева