Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Омилҳои ба рушди кишоварзӣ таъсиррасонанда

Омилҳои ба рушди кишоварзӣ таъсиррасонанда

Санаи 28 январи соли ҷорӣ дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Таъсири омилҳои экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар рушду устувории хоҷагии қишлоқ» доир гардид.
Дар кори он олимону коршиносони соҳаи кишоварзӣ ва намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд. Ҷараёни баргузории ҷамъомадро ноиби ректор оид ба илм Ғиёсиддин Ашуров бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки мавзӯи имрӯз баррасишаванда фарогири як ҷузъи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишварамон мебошад.
Сипас Таваккал Ҷабборов, н.и.к., дотсенти ДАТ ба номи Ш.Шотемур дар мавзӯи «Ҳолат ва дастовардҳои соҳаҳои растанипарварӣ дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, иброз дошт, ки ҳаҷми истеҳсоли зироати ғалладонагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сари аҳолӣ 159,6 кг ва аз 1 га замин 26 сентнер ҳосилнокиро ташкил медиҳад. Ҳамчунин номбурда барои боз ҳам тараққӣ додани соҳаи мазкур ва самаранок гардидани ҳосили зироатҳои ғалладонагӣ таъмин намудани хоҷагиҳои деҳқониро бо мошинолоти кишоварзии навин муҳим арзёбӣ кард.
Баъдан Аҳмад Ҳайитов, д.и.к., профессори кафедраи фанҳои табиатшиносии ДМИТ дар мавзӯи «Ҳолат ва дастовардҳои соҳаи чорводорӣ дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза карда, оид ба дастовардҳои соҳаи чорводорӣ ва саҳми он дар рушду нумӯи иқтисодиёти кишварамон ибрози андеша намуд.
Маърузачиён Рустам Қудратов, д.и.и., профессор, узви Маҷлиси Олии ҶТ ва Раҳимбек Носиров, д.и.и., профессори ДАТ ба номи Ш.Шотемур ва Ҳасан Асоев, коршиноси масоили экологӣ дар мавзӯи «Таъсири омилҳои экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар рушду устувории хоҷагии қишлоқ» сухан ронда, вазъи кунунии соҳаҳои зикршударо таҳлил ва роҳи ҳалли проблемаҳои дар ин самт ҷойдоштаро пешниҳод намуданд. Инчунин диверсификатсияи соҳаи кишоварзӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ, таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори иқтисодиётро муҳим арзёбӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки конфронси мазкур бо ибтикори Раёсати илм ва инноватсияи донишкада ва кафедраи фанҳои табиатшиносӣ доир гардид.


Хисрав Муҳиддинов