Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дарси имло барои устодон

Дарси имло барои устодон

Бо ташаббуси Раёсати донишкада ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» аз 28 то 30 январи соли равон барои устодони донишкада курсҳои омӯзишии имлои забони давлатӣ гузаронида шуд. Машғулиятҳоро устодони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии донишкада Ҳаким Қурбонов, Солеҳҷон Собирҷонов ва Маҳмадулло Сироҷов гузаштанд.
Дар машғулиятҳо, асосан, дар бораи имлои нави забони тоҷикӣ, ғалатҳои имлоии маъмуле, ки дар овезаҳо ва дигар ҳуҷҷатнигориҳо ба чашм мерасанд, маълумот дода шуд. Бо истифода аз слайдҳо тарзи дурусти калимаҳо, истифодаи ҳарфи «ӯ», ҷамъбандии калимаҳо ва дигар мавридҳои баҳсталаб нишон дода шуданд. Ҳамчунин барои санҷиши саводнокии устодон аз онҳо диктант гирифта шуд.
Мақсад аз баргузории курсҳои мазкур ислоҳи ғалатҳои забонии устодон дар навиштани мақолаву лексияҳо ва дигар асноду ҳуҷҷатҳои расмӣ мебошад.


Машҳура Абдуллоева