Хабарҳо

Як соат дарси хуб мазмуни як асарро дорад...
30.01.2016. Толори лексионии ДМИТ. Дарси намунавии таҳияи лексияи типи нав.
Дарсе, ки роҳбари таълимгоҳ муҳтарам Солеҳзода А.А. ба устодону кормандони донишкада гузашт, аз беҳтарин дарсҳои курсҳои омӯзишии маҳорати педагогӣ бо назардошти дидактикаи махсус (методикаи таълими ҳар як фан; усулҳои дидактикии фанҳои иқтисодӣ) маҳсуб меёфт. Вобаста ба тақозои дарси муосир ва дархости ҷомеа ДМИТ аз аввалинҳо шуда, Низомномаи нави кластери инноватсионии таълимро таҳия намуда, ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст.
Устод Солеҳзода А. дарсро бо як эҳсосоти баланди ватандӯстӣ ва ғамхорӣ ба миллат бо истифода аз «принсипҳои алоқаи назария бо амалия дар таълим» гузаронида, робитаи мазмуни мавзӯъҳои дарсиро ба ҳолати воқеӣ ба таври визуалӣ ба шунавандагон фаҳмонид.
Дар лексияҳои типи нав истифодаи самарманди слайдҳо бо овардани мисолу масъалаҳои мушаххаси дорои мазмуни алоқаи илм бо истеҳсолот ва вобаста ба вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистон, ҳамчунин ташкил кардани видео-дарсҳо беҳтарин дарси намунавӣ арзёбӣ карда шуд.
Дар ҷамъбасти дарс дастуру супориш дода шуд, ки устодону профессорон барои дарсгузарӣ лексияҳои шакли нав таҳия карда, дар он бештар мисолу масъалаҳо вобаста ба ҳолати воқеиро ҷой диҳанд ва донишҷӯро барои баҳс намудан бо мақсади инкишофи тафаккури созанда ва дарки вазъи воқеӣ водор созанд.
Ҳадаф аз ин талаботи нав ба мустақилият роҳнамун сохтани мутахассисони ояндаи даваронсоз ва барои дар фаъолияти минбаъда дар ташкилоту муассисаҳо ба мушкилиҳо дучор наомадани онҳо мебошад.
Дарс чун дарси муосири замонавӣ бо ҳама ҷабҳаҳои дидактикию психологӣ, инкишофдиҳанда ва тарбиявиаш пурмазмун гузашт.
Бояд гуфт, ки шунавандагон – устодони донишкада тавонистанд, ки аз дарси устод Ашурбой Солеҳзода таҳияи мукаммали лексияҳои типи нав, ташкили дарсҳои КМРУ, КМД, муносибат бо шогирдон, эҳтироми шахсият, ҳамкории педагогӣ, ҷаҳонибинии илмӣ, навоварӣ дар дарсҳо, истифодаи принсипҳои таълим, ташаббускорӣ ва дигар паҳлуҳои фаъолияти педагогиро, ки тақозои таълими босифат аст, аз худ намоянд.
Саъдулло Носиров