Хабарҳо

Донишҷӯёни донишкада аз ДНИҚ баргаштанд
Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ ба иттилои Шумо мерасонад, ки чор нафар донишҷӯёни донишкада - Давлатов Маҳмудҷон, Зокиров Абдумаликҷон, Бабиева Фируза ва Гулҷонов Раҷабалӣ, ки аз сентябри соли 2015 то январи соли 2016 (семестри тирамоҳии соли хониши 2015-2016) дар Донишгоҳи нави иқтисодии Қазоқистон (ДНИҚ) таҳсил мекарданд, бо натиҷаҳои хуб ба донишкада баргаштанд. Онҳо ҳангоми таҳсил дар ДНИҚ дар бисёр чорабиниҳои донишгоҳӣ аз ҷумла, конфронсҳои байналмилалӣ, семинарҳо, лексияҳои донишмандон ва мизҳои мудаввар фаъолона ширкат варзида, ба худ таассуроти нав бардоштанд. Донишҷӯёни мазкур дар онҷо бо ашхоси нав ва урфу одатҳои бегонагон шинос шуданд. Чуноне, ки яке аз донишҷӯён - Гулҷонов Раҷабалӣ мегӯяд: «Ҳар рӯз мо шиносҳои нав пайдо мекардем. Шиносҳоямон аз Испания, Россия, Ҷопон ва аз дигар шаҳру мамлакатҳо буданд. Мо хело чизҳои нав аз таърих, урфу одат ва ҷашнҳои ин мамлакатҳо ба худ маълумот гирифтем». Донишҷӯён ҳангоми таҳсил бо фаъолиятҳои ҳаррӯзаи худ тавонистанд, ки нуфузи ДМИТ-ро дар онҷо боло бардоранд.
Мавриди зикр аст, ки донишкада фаъолияти худро дар самти татбиқи барномаи мубодилаи донишҷӯён идома дода, дар рӯзҳои баъдӣ мехоҳад доираи ин фаъолиятро натанҳо дар Осиёи Миёна ва Россия, балки то Амрикову Аврупо густариш диҳад. Инчунин, дар семестри баҳории соли хониши 2015-2016 донишкада тасмим гирифтааст, ки ҳашт нафар донишҷӯёнро аз ихтисосҳои гуногун ба Донишгоҳи нави иқтисодии Қазоқистон, 1 нафар донишҷӯро ба Донишгоҳи менеҷменти шаҳри Алмаатои Қазоқистон ва 8 нафар донишҷӯро ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Пскови Федератсияи Россия фиристад.
Умедворем, донишҷӯёни мо бо дониш ва ахлоқи намунавии худ натанҳо нуфузи донишкада, балки обрӯи кишвари маҳбубамон Тоҷикистонро низ баланд хоҳанд бардошт.
Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ