Хабарҳо

Пешгирии хавфҳои коррупсия
Тибқи нақша-чорабиниҳои пешбинишуда ва супориши роҳбарияти Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ тасмим гирифтааст, ки бо иштироки васеи устодону донишҷӯён силсилавохӯриҳо доир ба таҳлили хавфҳои коррупсия, роҳ надодан ва пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ дар асоси «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» гузаронад. Вобаста ба ин масъала вохӯрии нахустин рӯзи 4 феврали соли равон доир гардид.
Дар он Сайидалӣ Ҳайитов, н.и.ҳ., мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ ва Ҳусейн Каримов, н.и.ҳ., корманди Академияи ВКД баромад карданд.
Бояд илова намуд, ки нотиқон дар баромади худ оид ба бартараф намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, фаҳмондадиҳии хавфҳои коррупсия ва дарки зарару оқибатҳои ногувори он, масъалаҳои қонунгузории зиддикоррупсионӣ, дар амал татбиқ намудани он ва роҳҳои пешгирии коррупсия суханронӣ карданд.
Тавре гуфта шуд, дар як муассиса бояд тадбирҳои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои суиистеъмол аз мансаб, тасарруфи моликияти давлатӣ, ришваситонӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб тавассути таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии бархӯрди манфиатҳо пешбинӣ ва амалӣ шаванд. Коррупсия як вабои мудҳиш аст, ки бо роҳҳои гуногун ҷомеаро фалаҷ месозад, ба ҷои рушд ёфтани манфиатҳои умумимиллӣ ба таъмини инкишофи ҳукмронии гурӯҳҳои алоҳида оварда мерасонад, обрӯю нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ дар самтҳои таъмини бехатарии миллӣ ва байналхалқӣ ба пастравӣ оварда, таҳдиди хатари бе шарикони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ мондан ва коҳишёбии институтҳои демократӣ ба миён меояд. Мусаллам аст, ки дар ҳоли вусъати ин падидаи номатлуб ба рушди иқтисоди кишварҳо таъсири манфӣ расиданаш мумкин аст.
Бинобар ин баромадкунандагон аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки аз ин ҳама гуфтаҳо хулосабарорӣ намуда, дар иҷрои вазифаҳои бардӯшдоштаашон поку пурмасъулият бошанд.
Ёдовар мешавем, ки чунин вохӯрӣ шоми ҳамин рӯз дар хобгоҳи №2 донишкада низ доир гашт.
Машҳура Абдуллоева