Хабарҳо

ПАЁМ - РАҲНАМОИ ҶАВОНОН
4.02.2016. Имрӯз дар донишкада бо ташаббуси садорати факултети ҳисобдорӣ ва омор чорабинии тарбиявӣ ҷиҳати фаҳмондадиҳии ҳамаи паҳлуҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 20 январи соли ҷорӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, баргузор гардид.
Дар ибтидо устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ Бойматов Содиқ оид ба самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва, умуман, тамоми ҷабҳаҳои фарогирандаи Паём ибрози ақида намуд.
Мавсуф, аз ҷумла, қайд кард, ки ҷавонони имрӯзаро зарур аст ҳарчи бештар ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ майл намоянд, зеро бо донистани забони хориҷӣ метавонанд дар тамоми сохторҳои давлативу ѓайридавлатӣ бидуни ягон мушкилие фаъолият намоянд ва ин нуктаро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми имсола бори дигар зикр карданд.
- Гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ яке аз масъалаҳои доѓи рӯз маҳсуб меёбад ва мо насли калонсолро зарур аст, ки ҷавононро ба илмомӯзиву хештаншиносӣ ва ватандӯстиву меҳанпарастӣ раҳнамун созем, чунки ба ин гуна гурӯҳҳои радикалӣ онҳое шомил мешаванд, ки аз илмҳои диниву дунявӣ тамоман бархӯрдор нестанд, қайд намуд Бойматов С.
Дар охир қайд гардид, ки Паёми Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олӣ барои кулли мардуми ҷумҳурӣ ва бахусус, ҷавонон дастур барои пешравии фаъолият аст.
Хисрав Муҳиддинов