Хабарҳо

Баландбардории маърифати ҳуқуқӣ
Дар таърихи 04.02.2016 дар хобгоҳи №2 маҳфили илмии сайёр дар мавзўи “Коррупсия ва оқибатҳои номатлуби он” ва шарҳи Қонуни ҶТ “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” гузаронида шуд.
Дар кори маҳфил роҳбари маҳфили “Ҳуқуқдони замони муосир” н.и.ҳ., дотсент Навоиддин Носиров, ассистенти кафедра Каримов Фирўз, масъулини хобгоҳ ва зиёда аз 50 нафар донишҷўён иштирок намуданд.
Сараввал роҳбари маҳфил Носиров Н.Б. баромад намуда, қайд кард, ки коррупсия як ҷинояти ниҳоят хатарнок буда, пеш аз ҳама, ба иқтисодиёти мамлакат зарбаи калон мерасонад, нобоварии мардумро нисбати якдигар ва мақомоти давлатӣ коҳиш медиҳад.
Мубориза ва пешгирии ин амали номатлуб дар Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ қайд мегардад. Аз ҷумла дар Паёми имсола ишора шуд, ки: “Яке аз хатарҳои дигаре, ки ба рушди устувори давлат монеъ шуда, ба нуфузу обрўи он дар арсаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонад, коррупсия мебошад. Ҷиҳати мубориза бар зидди ин кирдори номатлуб солҳои охир дар кишвари мо заминаҳои дахлдори ҳуқуқӣ ва ташкилӣ муҳайё карда шудаанд, вале ҷиҳати паст намудани шиддати омилҳои коррупсионӣ зарур аст, ки иштироки боз ҳам фаъолтари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт таъмин гардида, нисбат ба амалҳои коррупсионӣ фазои воқеан оштинопазир фароҳам оварда шавад”.
Ҳамзамон Носиров Н.Б. дар мавриди шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” баромад карда, аз ҷумла чунин қайд намуд, қонун аз 16 модда иборат буда, дар қатори салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд, инчунин мафҳум ва вазъи сиёсӣ-ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, имтиёзу кафолатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ўро дар давраи фаъолият ва баъди қатъ гаштани фаъолияти президентиаш муқаррар менамояд.
Қонуни мазкур бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон, вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷкистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ муқаррар мекунад.
Мувофиқи моддаи 1 Қонун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.
Дар охир нотиқ гуфт, ки ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардааст, эътироф карда мешавад.
Ҳамин тавр, маҳфили навбатӣ хеле рангину пурмазмун гузашта, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии устодону толибилмон мусоидат хоҳад кард.
Абдуллоева М.