Хабарҳо

Муваффақиятҳои донишкада дар самти иҷроиши барномаи мубодилаи донишҷӯён
Дар доираи созишномаи ҳамкорӣ байни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва донишгоҳҳои хориҷи кишвар тибқи барномаи мубодилаи донишҷӯён шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ тасмим гирифтааст, ки донишҷуёни донишкадаро ба мактабҳои олии касбии хориҷи кишвар ирсол намояд.
Ҳамасола шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ барои донишҷӯёни дараҷаи бакалавр ва магистр барномаҳои мубодилаи донишҷӯёнро ташкил менамояд. Маҳз дар доираи ҳамин барнома донишҷӯён дар асоси суҳбат ба Донишгоҳи нави иқтисодии Ҷумҳурии Қазоқистон, Донишгоҳи менеҷменти Алмаато ва Донишгоҳи Пскови Федератсияи Россия равон гардиданд.
Барои таҳсил дар Донишгоҳҳои Ҷумҳурии Қазоқистон 35 нафар донишҷӯ номнавис шуда буданд ва аз байни онҳо танҳо 9 нафар донишҷӯ интихоб шуданд. Санаи 23-юми январ 8 нафар донишҷӯ аз факултаҳои мухталиф барои таҳсил дар семестри баҳории соли 2015-2016 ба Донишгоҳи нави иқтисодӣ ба номи Т.Рисқулови Ҷумҳурии Қазоқистон ва 1 нафар ба Донишгоҳи менеҷменти Алмаато сафар намуданд.
Инчунин барои иштирок намудан дар барномаи мубодилаи донишҷӯён зиёда аз 20 нафар донишҷӯёни донишкада ба Донишгоҳи Пскови Федератсияи Россия номнавис шуда, аз байни онҳо 7 нафар донишҷӯи арзанда, донандагони забонҳои русӣ ва англисӣ интихоб шуданд. Санаи 6-феврали соли ҷорӣ 7 донишҷӯи интихобшуда барои таҳсил ба Донишгоҳи Пскови Федератсияи Рассия сафарбар гардиданд.
Дар маҷмӯъ, шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ барои таҳсил дар семестри баҳории соли хониши 2015-2016 16 нафар донишҷӯёни донишкадаро барои таҳсил ба хориҷа равон намуд, ки ин яке аз муваффақиятҳо дар ҷодаи татбиқи барномаи мубодилаи донишҷӯён мебошад. Ва дар нақша аст, ки шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ минбаъд шумораи донишҷӯёнро барои сафарбар намудан дар барномаи мубодилаи донишҷӯён барои таҳсил дар хориҷа зиёд намояд.
Саломиён Шаҳром
Мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ