Хабарҳо

Ташреҳи паём
Рӯзи 10 феврали соли равон бо мақсади ташреҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯён дар факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ чорабинӣ доир гардид.
Декани факултет, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Ҷурахон Шарипов, н.и.т., дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Сироҷиддин Эмомов дар бораи нуктаҳои асосии Паём ибрози андеша намуда, гуфтанд, ки дар Паёми имсола дар мавриди тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносии миллӣ, пешгирии онҳо аз пайравӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, баланд бардоштани илму фарҳанги сиёсии ҷавонон, ҷалби сармояи хориҷӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дигар масоили марбут ба амният ва рушду тараққиёти кишвар андешаҳои судманд иброз гардиданд.
Дар Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар паҳлуҳои гуногуни илму маорифи кишвар мавриди таҳлил қарор гирифтанд, ки ба рушди низоми таълиму тарбия, бахусус фанҳои дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ равона гардидаанд.
Ҳамчунин дар чорабинӣ ду нафар донишҷӯдухтар: Фарангиз Ҳоҷиева, донишҷӯи курси 4 ва Афзалбии Иброҳим, донишҷӯи курси 2, ки иштирокчии бевоситаи Паём буданд, баромад карда, таассуроти хешро аз ин чорабинии муҳимми сиёсӣ иброз доштанд. Онҳо ҳамдарсони худро ба ташаббускориву донишандӯзӣ даъват карда, таъмини зиндагии арзандаи ҳар шаҳрвандро дар талоши худи шахс донистанд.
Машҳура Абдуллоева